Somon Air
Дархостро ворид кунед, то натиҷаро гиред
Менюи асосӣ
>
>
ШИРКАТИ ҲАВОПАЙМОИИ СОМОН ЭЙР БО НАМОЯНДАГОНИ БРИТАНИЯИ КАБИР ВОХӮРӢ БАРГУЗОР НАМУД

16 апрели соли 2026 роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр бо Директори масъули Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳамкориҳои Иттиҳод ва рушдии Британияи Кабир Крис Аллан, инчунин Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кэтрин Смиттон мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ намуда, ширкатҳои британӣ омодагии худро ҷиҳати пешниҳоди техника ва хизматрасониҳои авиатсионӣ барои дастгирии рушди минбаъдаи Сомон Эйр изҳор намуданд. Ҷонибҳо дурнамои роҳандозии хатсайрҳои мунтазам дар масири Душанбе – Лондонро истиқбол намуданд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо имкониятҳои истифодаи механизмҳои UK Export Finance-ро барои дастгирии лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба навсозӣ ва густариши парки ҳавопаймоҳо равона шудаанд, аз ҷумла таъмини муҳаррикҳо барои ҳавопаймоҳои муосир, мисли Boeing 787, баррасӣ карданд. Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр фаъолияти худро дар самти рушди ҳамкории байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани қарорҳои пешрафта дар фаъолияти худ идома медиҳад.