Сиёсати маълумоти шахсӣ
Моддаи умумӣ
Маълумоти шахсӣ — ин ҳар гуна иттилоотест, ки ба шумо ҳамчун корбари сомона марбут аст ва тавассути он шумо метавонад бевосита ё ғайримустақим идентификатсия карда шавед.
Сомонаи ҶДММ «Авиакомпания Сомон Эйр» ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1537 «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ», Қоидаҳои умумии ҳимояи маълумот (GDPR), (Қарори (Иттиҳоди Аврупо) 2016/679) мувофиқ мебошад, ки ин ҳуҷҷатҳо бо мақоми қонунӣ дар Федератсияи Россия ва Иттиҳоди Аврупо амал мекунанд.
Ин сомона маълумоти шахсиро бо риояи талаботи қонунҳои байналмилалӣ ва танҳо барои амалӣ сохтани фурӯши хизматрасониҳои сайёҳӣ тибқи шартномаи умумии «Қоидаҳои истифодаи сомона» ҷамъ ва коркард мекунад. Мо маълумоти шахсиро фақат ба шарикони боэътимод тавассути протоколҳои бехатар (масалан, ба системаҳои байналмилалии бронкунӣ) мегузаронем. Мо дастрасӣ ба маълумоти шахсиро бо воситаҳои аутентификатсия бо рамзи махфӣ ва коди махсус маҳдуд мекунем. Мо маълумоти шахсиро дар шакли рамзгузорӣ (шифр) нигоҳ медорем ва танҳо бо мақсади беҳтар гардонидани таҷрибаи истифодаи хизматрасонӣ кор мекунем; ҳамзамон, ба соҳиби маълумот имконият медиҳем, ки онҳоро тавассути функсияи «ҳисоби шахсӣ» бинанд, таҳрир кунанд ва ба пуррагӣ ҳазф намоянд.
Барои иҷрои харид ҳамчун шахси воқеӣ, зарурати эҷоди ҳисоб дар система вуҷуд надорад. Дар ин ҳолат, дастрасӣ ба фармоиш тавассути коди алфавитӣ-рақамӣ (рақами фармоиш) таъмин карда мешавад, ки дар саҳифаи фармоиш нишон дода шуда, дар паёми тасдиқи брон дарҷ мегардад. Ҳамчунин, барои пешгирӣ аз кушодани рақами фармоиш ва номи муштарӣ тавассути истилоҳи дастӣ, система шумораи кӯшишҳои воридкуниро барои як давраи вақт маҳдуд мекунад.
Агар шумо дар система ҳисоб эҷод кунед, фармоишҳои шумо бо он ҳисоб алоқаманд шуда, дар шакли рӯйхат дар «ҳисоби шахсӣ» намоиш дода мешаванд. Мо инчунин маълумоти воридкардаи шумо дар бораи мусофиронро нигоҳ медорем, то шумо онҳоро дар фармоишҳои нав дубора истифода карда тавонед. Ҳеҷ кас ҷуз шумо ба маълумоти мусофирон, ки дар «ҳисоби шахсӣ» сақта шудаанд, дастрасӣ надорад.
Маълумоти шахсӣ, ки ба фармоишҳо алоқаманданд, дар шакли рамзгузоришуда нигоҳ дошта мешаванд. Дастрасӣ ба ин маълумот танҳо шуморо ва кормандони ширкати мо мегирад. Кормандони мо маълумоти шуморо танҳо барои ҳалли масъалаҳои техникӣ ва иҷрои шартҳои интиқол истифода мебаранд; истифодаи онҳо ба дигар мақсадҳо аз ҷониби қарордоди махфият байни корхона ва корманд маҳдуд карда шудааст.
Мо паёмҳои электронӣ (email) ва SMS-ро танҳо барои:
Системаи мо маълумоти корти бонкро намегирад ва нигоҳ намедорад. Ҳамаи пардохтҳо тавассути системаҳои бонкӣ ё шлюзҳои пардохтии сертифицирован мегузаранд. Мо танҳо натиҷаи пардохти муваффақ ё номуваффақро мегирем ва коркард мекунем.
Ҳуқуқҳои субъекти маълумоти шахсӣ
Коркард кардани маълумоти шахсӣ тибқи Қоидаҳои истифодаи сомона ва мувофиқи ин сиёсати махфият сурат мегирад.
Шумо ҳақ доред, ки маълумоти шахсии худро дарёфт, таҳрир ё пурра ҳазф кунед.
Шумо инчунин ҳақ доред, аз рӯи суроғаи электронӣ ё телефон:
Система маълумоти шахсиро бо мақсадҳои қабули қарорҳои автоматӣ, ки ба нархи фармоиш таъсир мерасонанд ё ҳуқуқҳои субъекти маълумотро маҳдуд мекунанд, коркард намекунад.
Маълумоте, ки системаи мо ҷамъ ва коркард мекунад
Мо аз шумо маълумоти зеринро мегирем:
Навъи маълумот |
Чӣ гуна истифода мешавад |
Ҷое, ки интиқол дода мешавад |
Муддати нигоҳдорӣ |
Забони браузер |
Барои муайян кардани версияи забонии сомона |
Интиқол дода шуда наметавад |
Нигаронида намешавад |
Навъи браузер |
Барои нишон додани дурустии намоиши сомона |
Агар он параметр лозим бошад, ба системаҳои бронкунӣ фиристода мешавад |
Дар логҳо то 3 сол нигоҳ дошта мешавад, танҳо барои ҳалли масъалаҳои техникӣ |
Суроғаи IP |
Барои муайян кардани фурудгоҳи наздик ва маҳдуд кардани кӯшишҳои амниятӣ |
Агар параметр зарур бошад, ба системаҳои бронкунӣ фиристода мешавад |
Дар логҳо то 3 сол нигоҳ дошта мешавад, танҳо барои ҳалли масъалаҳои техникӣ |
Параметрҳои ҷустуҷӯи |
Барои пур кардани автоматии форм, пас аз навсозӣ ё бозгашт ба сомона |
Барои гирифтани пешниҳодҳо (натиҷаҳои ҷустуҷӯ) ба системаҳои бронкунӣ фиристода мешавад |
На бештар аз як ҳафта дар сервер, 1 сол дар браузери корбар |
Маълумоти мусофирон (ҳангоми харид) |
Барои иҷрои фармоиш ва интиқолдиҳӣ |
Ба системаҳои бронкунӣ ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ |
3 моҳ пас аз анҷоми хизматрасонӣ (дар шакли рамзгузоришуда) |
Маълумоти мусофирон (дар ҳисоби шахсӣ) |
Барои истифода дар фармоишҳои нав |
Интиқол дода намешавад |
Номаҳдуд дар шакли рамзгузорӣ |
Почтаи электронӣ (ҳангоми харид) |
Барои иваз кардани маълумот дар фармоишҳои нав |
Интиқол дода намешавад |
Номаҳдуд дар шакли рамзгузорӣ |
Суроғаи почтаи электронии корбар (ҳангоми харид) |
Барои иҷрои амалиети бронкунӣ ва навиштани чиптаҳо. Барои фиристодани чиптаҳои электронӣ ва мактубҳои ҳолати фармоиш |
Дар системаҳои бронкунӣ ва ҳавопаймоӣ |
3 моҳ пас аз ба итмом расидани хидмат (дар шакли рамзгузорӣ) |
Телефони корбар (ҳангоми харид) |
Барои иҷрои амалиети бронкунӣ ва навиштани чиптаҳо. Барои фиристодани sms дар бораи вазъи фармоиш |
Дар системаҳои бронкунӣ ва ҳавопаймоӣ |
3 моҳ пас аз ба итмом расидани хидмат (дар шакли рамзгузорӣ) |
Суроғаи почтаи электронии корбар (ҳангоми бақайдгирӣ) |
Барои муайян кардани корбар. Барои барқарор кардани парол. |
Дар системаҳои идоракунии почта дар сурати розигии бевоситаи корбар |
Бемаҳдуд |
Гузарвожаи корбар |
Барои аутентификатсия |
Интиқол дода намешавад |
Бемаҳдуд, дар шакли хеш-сумма. |
Сиёсати файли cookie
Файлҳои cookie — ин файлҳое мебошанд, ки бо маълумоте, ки ба системаи мо марбут аст, дар дастгоҳи шумо нигаҳ дошта мешаванд.
Шумо метавонед маълумоте, ки дар онҳо нигаҳ дошта мешавад, мустақилона идора кунед ва дар ҳар лаҳза онҳоро ҳазф кунед. Аммо, пурра хомӯш кардани cookie — ро тавсия намедиҳем, зеро ин метавонад ба корнопазирии баъзе функсияҳои сомона оварда расонад.
Мо маълумотро аз ин файлҳо танҳо барои осон кардани истифодаи сомона истифода мебарем: ҳангоми аутентификатсия (дарёфтани логин ва парол), мо шумо¬ро тавассути идентификатори сессия дар cookie ёд мегирем. Ин имкон медиҳад, ки барои ҳар як амалиёте, ки иҷозат талаб мекунад, шумо такрор накунед ворид кардани логин ва парол.
Сиёсати нигоҳдории маълумот
- Амният дар дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ тавассути механизмҳои аутентификатсия ва авторизатсия таъмин мешавад.
- Дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ барои муштариёни сабтиномнашуда тавассути кодҳои дастрасӣ ё шиносоии дастгоҳ (cookies) мутобиқ карда мешавад.
- Кормандоне, ки ба маълумоти шахсӣ дастрасӣ доранд, бояд созиши махфиятро имзо кунанд.
- Маълумоти шахсӣ дар интиқол ва нигоҳдории (аз ҷумла нусхаҳои эҳтиётӣ) рамзгузорӣ мешавад.
- Нигоҳдории бехатари паролҳо (тавассути хеш-суммаҳо бе имконияти барқарор кардани пароли аслии корбар).
- Паролҳо ва рамзҳои дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ аз интихоби зиед муҳофизат карда мешаванд.
- Муҳофизат аз талафи маълумот тавассути системаи репликатсияи вақти воқеӣ ва нусхаҳои ҳаррӯза ташкил карда мешавад.
- Ҳамаи амалиетҳои дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ сабт карда мешаванд.
Тағирот дар сиесати махфият
Талаботи қонунҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои маълумоти шахсӣ тағир меебанд ва мо бояд ба онҳо мувофиқат кунем. Ғайр аз он, мо системаи худро пайваста такмил медиҳем ва функсияи нав илова мекунем. Мо механизмҳои ҳифзи маълумоти шахсиро пайваста такмил медиҳем. Ҳамаи ин тағирот ба ин сиесати махфиятро талаб мекунад. Амали ҳуҷҷати нав аз рӯзи нашр эътибор пайдо мекунад.