СОМОН ЭЙР ПАРВОЗҲОРО ДАР ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ – МЮНХЕН ЗИЁД МЕНАМОЯД

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парвозҳои худро дар масири Душанбе-Мюнхен афзоиш дода, шурӯъ аз санаи 7-уми май парвозҳоро ҳафтае ду маротиба рӯзҳои чоршанбе ва шанбе анҷом медиҳад.
Ба қавли Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев - “Зиёд кардани парвозҳо ба Мюнхен як қисми барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди авиатсияи гражданӣ буда, ба густариши ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоӣ ва таҳкими робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ нигаронида шудааст. Тасмими мазкур самти стратегии ширкати ҳавопаймоиро оид ба тавсеаи шабакаи хатсайрҳои байналмилалӣ ва тақвияти алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистону Аврупо инъикос мекунад. Дар доираи татбиқи стратегияи мазкур ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хизматрасониҳои худро дар бозори байналмилалӣ фаъолона тарғиб ва пешбарӣ менамояд. Аз ҷумла, иштироки ҳамасола дар бузургтарин намоишгоҳи сайёҳии ITB, ки дар Олмон баргузор мегардад, бароямон имкони барқарории робитаҳои нави ҳамкориро дар бозори аврупоӣ ва ҳамзамон муаррифии Тоҷикистонро ҳамчун самти ояндадор фароҳам меорад. Пайваста кӯшиш менамоем барои мусофиронамон ба ҳангоми банақшагирии сафар бароҳативу интихоби бештарро таъмин намоем. Афзоиши шумораи парвозҳо ба Мюнхен бешубҳа барои ҳамватанони мо, ки дар Олмон кору зиндагӣ доранд, ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ, сайёҳону тоҷирон ва нафароне, ки ба дидорбинии хешу ақрабо ва ёру дӯстон мераванд, айни муддао хоҳад буд».
Парвозҳо аз Душанбе соати 00:10, аз Мюнхен - 17:00 (бо вақти маҳаллӣ) тариқи ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 анҷом дода мешаванд. Чиптаҳо аллакай дар сомонаи ширкат www.somonair.com, замимаи мобилии Somon Air ва хазинаҳои чиптафурӯшӣ дастрас мебошанд.
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар бозори байналмилалӣ бомуваффақият фаъолият намуда, узви Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Шабакаи парвозҳои ширкат самтҳои Олмон, АМА, Туркия, Чин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Миср, Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро дар бар мегирад.