Somon Air
Менюи асосӣ
Менюи асосӣ
>
>
СОМОН ЭЙР ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ БИШКЕКРО БАРҚАРОР МЕНАМОЯД

СОМОН ЭЙР ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ БИШКЕКРО БАРҚАРОР МЕНАМОЯД

СОМОН ЭЙР ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ БИШКЕКРО БАРҚАРОР МЕНАМОЯД

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" шурӯъ аз 14-уми марти соли ҷорӣ иҷрои парвозҳоро аз Душанбе ба Бишкек дубора оғоз менамояд. Иқдоми мазкур ба шарофати гуфтушуниди муваффақонаи сардорони ҳар ду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қиргизистон, муҳтарам Садир Жапаров, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Бишкек сурат гирифт, роҳандозӣ мешавад.

Барқарории интиқолоти ҳавоӣ байни ду пойтахт тасмими муҳим дар таҳкими муносибатҳои дӯстона, инчунин робитаҳои иқтисодиву фарҳангии байни Тоҷикистону Қирғизистон мебошад ва ҳамзамон ба рушди гардишгарӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишварҳо мусоидат хоҳад кард.

Аввалин парвоз дар масири Душанбе - Бишкек санаи 14-уми марти соли 2025 амалӣ мегардад. Вақти парвоз аз Душанбе соати 09:00, аз Бишкек соати 13:30 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Тавре интизор меравад, минбаъд шурӯъ аз санаи 23-юми март парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои якшанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе 10:30, аз Бишкек - ​​14:20 ба вақти маҳаллӣ мебошад ва давомнокии парвоз аз Душанбе самти Бишкек 1 соату 30 дақиқа, дар самти баргашт 1 соату 20 дақиқаро ташкил медиҳад. Итминон аст, ки дар ояндаи наздик ширкат парвозҳоро дар хатсайри Душанбе – Бишкек – Душанбе то ду парвоз дар як ҳафта афзоиш дода, рӯзҳои чоршанбеу якшанбе анҷом диҳад. Парвозҳо тариқи ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 сурат мегиранд.

“Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз саҳмгузорӣ дар таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон сарфароз мебошад ва мо аминем, ки шурӯи парвозҳо дар ин масир ба беҳтар шудани гардишгарӣ ва интиқолоти байни кишварҳо мусоидат хоҳад кард. Мусофирони гиромиқадрамонро барои истифода аз ин парвози қулай ва бароҳат даъват менамоем ва аз дидорашон шод хоҳем буд”, - қайд менамояд директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев.

Ҷадвали парвозҳоро мусофирон метавонанд дар сомонаи ширкати ҳавопаймоӣ www.somonair.com, инчунин дар нуқтаҳои фурӯш ва аз агентҳои фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо дастрас намоянд.

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз соли 2008 дар бозори байналмилалӣ бомуваффақият фаъолият намуда узви Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат мебошад. Ширкати ҳавопаймоӣ дар айни замон парвозҳои мунтазамро ба самти кишварҳои Олмон, АМА, Туркия, Чин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад.