Кумаки хайриявии ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» ба оилаҳои ниёзманд
ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» дар арафаи ҷашнҳои Иди Рамазон ва Иди байналмилалии Наврӯз, дар доираи масъулияти иҷтимоии корпоративӣ ва дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, №АП-159, иқдоми навбатии хайриявиро амалӣ намуд.
Бо дархости Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ба як қатор оилаҳои ниёзманд кумаки моддӣ дар шакли маводи ғизоӣ расонида шуд. Ба онҳо маҳсулоти зарурӣ, аз ҷумла равған, биринҷ, орд, қанд ва дигар анвои хӯрокворӣ дастрас гардид.
Иқдомҳои мазкур ба дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа равона гардида, идомаи анъанаи неки ҳамраъйӣ ва ҳамдигардастгирӣ мебошанд.
ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» минбаъд низ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар беҳбудии иҷтимоии аҳолӣ чунин ташаббусҳоро идома хоҳад дод.