Somon Air
Дархостро ворид кунед, то натиҷаро гиред
Менюи асосӣ
>
>
Ҷойҳои холӣ дар Департаменти хизматрасонии рӯизаминӣ

Ҷойҳои холӣ дар Департаменти хизматрасонии рӯизаминӣ

Ҷойҳои холӣ дар Департаменти хизматрасонии рӯизаминӣ

Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр барои ишғоли вазифаҳои зерин дар Департаменти хизматрасонии рӯизаминӣ  озмун эълон менамояд:

 

  • Диспетчери ҳаракати ҳавоӣ;
  • Мутахассис оид ба таъмини парвозҳо;
  • Мутахассис – супервайзер дар ФБ Душанбе ва Хуҷанд;

 


Талабот ба довталабон

  • Маълумоти олӣ ё миёнаи касбӣ (соҳаи авиатсия, техникӣ, навигатсия, идоракунии ҳаракати ҳавоӣ);
  • Собиқаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи авиатсия;
  • Доштани шаҳодатнома / литсензияи диспетчери парвоз (Flight Dispatcher / Flight Operations Officer);
  • Доштани малакаи хуби банақшагирии парвозҳо, таҳлили шароити обу ҳаво, ҳисобкунии хусусиятҳои парвозу фуруд дар фурудгоҳҳо, кор бо системаҳои навигатсионӣ ва метеорологӣ,  назорати иҷрои парвоз ва қабули қарорҳо дар ҳолатҳои ғайристандартӣ;
  • Донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ;
  • Малакаи хуби муошират ва қобилияти ба роҳ мондани ҳамкории самаранок;
  • Малакаи кор бо компютер (MS Word, MS Excel, MS Outlook, MS Power Point);
  • Ба номзадоне, ки собиқаи корӣ дар соҳаи авиатсия доранд ва дорои сертификати авиатсионӣ мебошанд, афзалият дода мешавад; 
  • Донистани муқаддасоти миллӣ, таърих ва фарҳанг, Кодекси фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ.


Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон метавонанд резюмеи худро бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ ба Хадамоти кадрҳо ва коргузории Ҷамъият ё ба сӯроғаи почтаи электронии hr@somonair.com пешниҳод намоянд. 


Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо: то 30 марти соли 2026.


Танҳо номзадҳое, ки ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ мебошанд, ба озмун даъват карда мешаванд.

 


Маълумоти тамос:

Нишонӣ: 734003, ш. Душанбе, кӯчаи М.Мастонгулов 40

Тел.: (+992 44) 640 40 46, (+992 44) 640 40 55.

Почтаи электронӣ: hr@somonair.com