ШИРКАТИ ҲАВОПАЙМОИИ “СОМОН ЭЙР” НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ НӮҲМОҲАИ ХУДРО ДАР СОЛИ 2025 ҶАМЪБАСТ НАМУД
Дар санаи 21 октябри соли 2025 ҷаласаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкатҳои миллии ҳавопаймоии кишвар оид ба натиҷаҳои фаъолияти нӯҳмоҳаи соли ҷорӣ баргузор гардид.
Роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолии худро дар ин давра пешниҳод намуд.
Дар давоми нӯҳ моҳи соли 2025 ширкати ҳавопаймоӣ тақрибан 826 ҳазор мусофирро интиқол дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 11% зиёд мебошад. Аз аввали сол тақрибан 2 477 парвоз анҷом дода шуд, ки аз онҳо 89% ба самтҳои байналмилалӣ ва 11% ба хатсайрҳои дохилӣ рост меояд.
Айни ҳол ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳои мунтазамро ба 25 самт анҷом медиҳад. Ширкат шабакаи хатсайрҳоро фаъолона васеъ намуда, мақсад гузоштааст дар соли 2026 ҳавопаймоҳои замонавии Boeing 737 MAX-8-ро ба даст орад, ки дар оянда имкони кушодани хатсайрҳои навро ба шаҳрҳои Лондон (Британияи Кабир), Ар-Риёз (Арабистони Саудӣ), Пекин ва Гуанчжоу (Чин), инчунин Сеул (Кореяи Ҷанубӣ), фароҳам меорад.
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” фаъолияти худро барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва густариши ҳузур дар бозори байналмилалии авиатсионӣ, таъмини парвозҳои бароҳат ва бехатарро дар ҳар марҳилаи сафар идома медиҳад.