СОМОН ЭЙР ДАР ҲАМБАСТАГӢ БО ҶДММ “АНТАРЕС” (FLY.TJ) ПАРВОЗҲОРО БА ШАРМУШШАЙХ РОҲАНДОЗӢ МЕНАМОЯД

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар якҷоягӣ бо ширкати "АНТАРЕС" (FLY.TJ) иҷрои парвозҳои мустақимро ба шаҳри Шармушшайхи Миср оғоз менамояд. Роҳандозии хайтсайри мазкур дар рушди робитаҳои тиҷоративу сайёҳии Тоҷикистону Миср иқдоми муҳим арзёбӣ шуда, парвози аввалин дар ин самт санаи 11-уми май сурат мегирад.
Парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои якшанбе тариқи ҳавопаймоҳои бароҳати Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 анҷом дода мешаванд. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Шармушшайх 5 соату 30 дақиқа ва дар бозгашт 5 соатро ташкил медиҳад. Хатсайри мазкур барои сайёҳони тоҷикистонӣ, ки мехоҳанд аз соҳилҳои гарми баҳри Сурх, олами аҷиби зериобӣ ва хизматрасониҳои беҳтарин истироҳатгоҳҳои Миср баҳра баранд, имконияти хубу қулай фароҳам меорад. Иҷрои парвозҳо дар натиҷаи ҳамкориҳои самаранок бо ширкатҳои сайеҳӣ имконпазир гардидааст.
Ба қавли директори генералии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" Абдулқосим Валиев - "Оғози парвозҳо ба Шармушшайх қадами муҳим дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи байни кишварҳо мебошад ва итминон аст ин хатсайр ба афзоиши ҷараёни сайёҳӣ, таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва табодули фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард. Аз пешниҳоди имкониятҳои бештари ҷаҳонгардӣ ба мусофиронамон хушҳол ҳастем ва умедворем талаботи аҳолӣ ба парвозҳои самти Шармушшайх зиёд хоҳад шуд.
Вобаста ба хариди бастаҳои сайёҳӣ мусофирон метавонанд ба ҶДММ "АНТАРЕС" (FLY.TJ) бо рақамҳои +992 (900) 55 90 09; 1133 муроҷиат намоянд.
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз соли 2008 дар бозори байналмилалӣ бомуваффақият фаъолият намуда узви Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 иборат аст. Ширкат ба тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ нигаронида шуда, дар айни замон парвозҳои мунтазамро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Миср, Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон анҷом медиҳад.