СОМОН ЭЙР ПАРВОЗҲОРО ДАР МАСИРИ ДУШАНБЕ — КРАСНОЯРСК БАРҚАРОР МЕНАМОЯД

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" иҷрои парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе - Красноярск – Душанбе аз сар мегирад. Шурӯъ аз 14-уми апрел парвозҳо ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе сурат мегиранд ва мусофирон метавонанд аз ин парвози бароҳат истифода баранд.
Парвозҳо дар ин масир тариқи ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 амалӣ гардида, вақти парвоз аз Душанбе 13:30, аз Красноярск 20:50 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Красноярск 3 соату 45 дақиқа, дар самти баргашт 4 соатро ташкил медиҳад.
«Барқарор шудани парвозҳо миёни Душанбе ва Красноярск аз ҷидду ҷаҳди Сомон Эйр бобати тавсеаи шабакаи парвозҳо ва фароҳам овардани робитаи қулаю муносиб байни нуқтаҳои муҳими Тоҷикистону Россия шаҳодат медиҳад. Хатсайри мазкур ҳамчунин барои таҳкими равобити фарҳангиву иқтисодии байни давлатҳо иқдоми муҳим мебошад. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" пайваста баҳри пешниҳоди хизматрасонии босифат ва таъмини иҷроиши саривақтии парвозҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад ва ин омил дар навбати худ ба интихоб шудани ширкат аз ҷониби сайёҳон ҳамчун интиқолдиҳандаи боэътимод боис мегардад», – иброз медорад Абдулқосим Валиев, директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр».
Чиптаҳо дар сомонаи ширкат www.somonair.com, замимаи мобилии Somon Air ва хазинаҳои чиптафурӯшӣ дастрас мебошанд.
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз соли 2008 дар бозори байналмилалӣ бомуваффақият фаъолият намуда, узви Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат аст. Айни замон ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳои мунтазамро ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон анҷом медиҳад.