СОМОН ЭЙР ШУМОРАИ ПАРВОЗҲОРО АЗ ДУШАНБЕ БА ТЕҲРОН ЗИЁД НАМУДА, ВАҚТИ ИҶРОИШИ ПАРВОЗҲОРО ДАР ИН САМТ ТАҒЙИР ДОД

Аз санаи 3-юми феврали соли 2025 замони парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон тағйир ёфта, барои сафари мусофирон вақти мусоид фароҳам оварда мешавад. Акнун парвозҳо шомгоҳӣ неву, балки рӯзона иҷро мегарданд. Ба ин тариқ вақти парвоз аз Душанбе 10:00 ва аз Теҳрон 12:50 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.
Зиёда аз ин, аз санаи 5-уми марти соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” рӯзҳои чоршанбе низ парвозҳоро дар ин масир иҷро менамояд, ки ин ба афзоиши гардишгарӣ байни Душанбеву Теҳрон мусоидат менамояд. Парвоз аз Душанбе соати 14:00, аз Теҳрон - соати 16:50 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Давомнокии парвоз аз Душанбе самти Теҳрон 2 соату 50 дақиқа ва дар самти муқобил 2 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, аз санаи 5-уми март ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба Теҳрон ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои душанбе ва чоршанбе парвозҳо анҷом медиҳад. Парвозҳо тариқи ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 иҷро мешаванд.
“Дар доираи музокироти сарони ду давлат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳарду ҷониб таҳким ва густариши равобити дуҷонибаро муҳим арзёбӣ карданд. Дар робита ба ин мо бо хушнудӣ аз афзоиши шумораи парвозҳо дар масири Душанбе-Теҳрон иттилоъ медиҳем. Ин қарор бозгӯи таваҷҷуҳи рӯзафзун ба тақвияти муносибатҳои байни кишварҳоямон мебошад. Низоми бераводид миёни Тоҷикистону Эрон барои мусофирони хатсайрҳои ҳавоӣ бешубҳа ба фаъол шудани гардишгарӣ, табодули фарҳангӣ ва тиҷоратӣ мусоидат намуда, сафари мусофирони моро боз ҳам қулайтар мегардонад. Мо дар навбати худ мекӯшем барои ҳар нафаре, ки ширкати моро интихоб менамояд, сатҳи баланди хизматрасонӣ ва эътимоднокиро таъмин намоем», - иброз медорад Абдулқосим Валиев, директори генералии ширкати «Сомон Эйр».
Ҷадвали кунунии парвозҳо дар сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоӣ www.somonair.com, инчунин дар хазинаҳои чиптафурӯшӣ ва агентҳои фурӯши чипта дастрас мебошад.
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар бозори байналмилалии интиқолоти ҳавоӣ аз соли 2008 бомуваффақият фаъолият намуда, узви Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ҳавопаймоҳои навъи Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат аст. Ширкат ба тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ нигаронида шуда, айни замон аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.