Somon Air
Менюи асосӣ
>
>
СОМОН ЭЙР БО ШИРКАТИ DAE CAPITAL ОИД БА ХАРИДОРИИ ДУ ҲАВОПАЙМОИ BOEING 737 MAX СОЗИШНОМА БА ИМЗО РАСОНИД

СОМОН ЭЙР БО ШИРКАТИ DAE CAPITAL ОИД БА ХАРИДОРИИ ДУ ҲАВОПАЙМОИ BOEING 737 MAX СОЗИШНОМА БА ИМЗО РАСОНИД

СОМОН ЭЙР БО ШИРКАТИ DAE CAPITAL ОИД БА ХАРИДОРИИ ДУ ҲАВОПАЙМОИ BOEING 737 MAX СОЗИШНОМА БА ИМЗО РАСОНИД

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" бо ширкати лизингии DAE Capital (АМА) барои харидории ду ҳавопаймои нави Boeing 737-8 қарордод ба тасвиб расонид. Ҳавопаймоҳои мазкур соли 2026 парки ширкати ҳавопаймоиро ғанӣ гардонида, мавқеи Сомон Эйр-ро ҳамчун интиқолдиҳандаи пешбари Тоҷикистон тақвият мебахшанд. Созишномаи хариди ду ҳавопайморо дар Душанбе Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев ва Президенти ширкати лизингии DAE Capital (АМА) Дэвид Ҳулиҳан ба имзо расониданд. Маросими тасвиби Созишнома дар саридораи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” баргузор шуд.


“Ба шарофати дастгириву таваҷҷӯҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон сол то сол рушд мекунад. Имзои ин созишнома яке аз ҳадафҳои стратегияи дарозмуддати мо оид ба навсозии парки ҳавопаймоӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ мебошад. Ҳавопаймоҳои Boeing 737-8 бо самаранокии баланди сӯзишворӣ, зиёдшавии давомнокии парвоз ва хусусиятҳои беҳтаршудаи амалиётӣ фарқ мекунанд, ки ба ширкати ҳавопаймоӣ имкони мукаммалсозии сатҳи бароҳатӣ ва бехатарии парвозҳоро фароҳам меорад. Ҳавопаймоҳои нави Boeing 737-8 боиси тавсеаи шабакаи парвозҳои ширкат, баланд бардоштани самаранокии амалиётӣ, зиёдшавии зичии парвозҳо ва пешниҳоди шароитҳои замонавию бароҳат барои мусофиронамон хоҳанд шуд”, - қайд менамояд Абдулқосим Валиев, Директори генералии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”.


Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар бозори байналмилалии интиқолоти ҳавоӣ аз соли 2008 бомуваффақият фаъолият намуда, узви Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ҳавопаймоҳои навъи Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат аст. Ширкат ба тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ нигаронида шуда айни замон аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.


DAE Capital яке аз бузургтарин ширкатҳои лизингӣ дар соҳаи авиатсия буда, ба таъмини ҳавопаймоҳои муосир ва самаранок ба ширкатҳои ҳавопаймоии саросари ҷаҳон ихтисос ёфтааст.