СОМОН ЭЙР ВЕБСАЙТИ НАВ ВА ЗАМИМАИ МОБИЛИРО БА КОР АНДОХТ
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" тарҳи навшудаи вебсайти худ www.somonair.com ва модули фармоиши чиптаҳоро ба кор андохт. Бо иваз шудани платформа истифодабарӣ аз сомона хеле осон шуд. Намои сода ва инъикоси нархҳо ба самти дархостӣ аз бартариятҳои модули нав мебошанд. Дар утоқҳои шахсии истифодабарандагони сомона имкони пуркунии автоматии маълумоти шахсии қайдшуда фароҳам мебошад.
Навгонии дигар роҳандозии замимаи мобилии Somon Air мебошад, ки барои боргирӣ дар телефонҳои iOS ва Android дастрас мебошад. Тариқи замимаи нав мусофирон имкон доранд ба осони сайёҳати худро ба нақша гирифта чиптаҳоро бо нархи мувофиқ интихоб намоянд, ҷойи муносибро банд намоянд ва маблағи бағоҷи аз меъёр зиёдро пардохт намоянд. Ҳамзамон тавассути замима мусофирон метавонанд худро онлайн бақайд бигиранд ва барои харидории чипта ба тамоми оила оиди ҳамсафарони худ маълумоти иловагӣ ворид намоянд. Дар айни замон пардохти хизматрасониҳо бо кортҳои Visa ва MasterCard имконпазир мебошад ва дар оянда қабули пардохтҳо бо Корти миллӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Ба қавли Директори генералии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” Абдулқосим Валиев – “Роҳандозии сомонаи навшудаи ширкат ва замимаи мобилӣ қадами навбатӣ дар роҳи рушди хизматрасониҳои рақамии “Сомон Эйр” мебошад. Тамоми тағйиротҳо бо назардошти хоҳишу дархости мусофирон татбиқ гардидаанд ва мо пайваста бобати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон ҷаҳду талош менамоем”.
Дар айни замон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Қатар, Туркия, Хитой, Ҳиндустон, Эрон, Арабистони Саудӣ, Покистон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 иборат мебошад.