Somon Air
Менюи асосӣ
>
Дар бораи мо
>
Ҷойҳои кории холӣ

Роҳбалад дар пойгоҳи Душанбе

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои ишғоли вазифаи Роҳбалад дар пойгоҳи Душанбе озмун эълон менамояд
Талаботҳои тахассусии довталабон барои ишғоли мансаб:
- Синну сол аз 18 то 27 сола;
- Доштани маҳорати шиноварӣ;
- Доштани саломатии хуб ва омодагии хуби ҷисмонӣ;
- Қаду қомат – на поён аз 1.65м;
- Шиносномаи хориҷии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Дониши забони давлатӣ, забонҳои русӣ ва англисӣ (ҳадди ақал дараҷаи intermediate). Ба дониши забонҳои хориҷии иловагӣ афзалият дода мешавад;
- Мавҷудияти малакаи хуб ва одобонаи муошират ва хизматрасонӣ бо мусофирон, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои хизматӣ дар коллектив;
- Донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ба доштани маълумоти олӣ ва таҷриба дар соҳаи авиатсия афзалият дода мешавад.
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон ариза ва резюмеи худро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, 4 дона акси рангаи андозаи 4,5 х 6,5, 2 сурати ранга портретӣ ва ба дарозии қад, нусхаи шиноснома, диплом, сертификатҳо, дафтарчаи меҳнатӣ ва маълумотнома дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ ба Хадамоти кадрҳо ва коргузории Ҷамъият пешниҳод намоянд. Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои мазкурро бо таври электронӣ низ (бо формати .pdf) ба суроғаи Ҷамъият (hr@somonair.com; info@somonair.com) пешниҳод намоянд.

Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо 16 феврали соли 2025. Барои арзёбӣ ва суҳбат номзадоне интихоб карда мешаванд, ки ба талаботи тахассусӣ мувофиқ бошанд.

Нишонӣ: 734003, ш. Душанбе, кӯчаи М.Мастонгулов 40 Тел.: (+992 44) 640 40 46, (+992 44) 640 40 55.

Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо: 16-02-2025
Телефон барои тамос: (+992 44) 640 40 46, (+992 44) 640 40 55
Email: (hr@somonair.com; info@somonair.com)