Somon Air
Менюи асосӣ
>
Дар бораи мо
>
Ҷойҳои кории холӣ

Мутахассис оид ба назорат аз рӯи риояи стандартҳои сифат ва бехатарӣ

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои ишғоли вазифаи Мутахассис оид ба назорат аз рӯи риояи стандартҳои сифат ва бехатарӣ озмун эълон менамояд

Талаботҳои тахассусии довталабон барои ишғоли мансаб:
- Маълумоти олии авиатсионӣ;
- Собиқаи корӣ на кам аз 3 сол дар соҳаи авиатсия;
- Донистани забонҳои русӣ ва англисӣ (ҳадди ақал дараҷаи В1 “intermediate”);
- Малакаи хуби муошират бо коллектив ва шарикони тиҷоратӣ, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои хизматӣ;
- Малакаи кор бо компютер, аз ҷумла донистан ва истифода кардани шабакаи интернет, барномаҳои MS Word, MS Excel, MS Outlook, MS Power Point, қобилияти омода кардани ҳисобот;
- Таҷрибаи ҳадди ақал дар идоракунии бехатарӣ;
- Дониши техникӣ дар авиатсия ё дар амалиёти қисми экипажи кабина;
- Фаҳмиши раванди тафтишоти ҳодисаҳо ва воқеаҳои авиатсионӣ ё ба ин монанд;
- Донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, Кодекси фазои ҶТ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ.
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон ариза ва резюмеи худро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, 4 дона акси рангаи андозаи 4,5 х 6,5, нусхаи шиноснома, диплом, сертификатҳо, дафтарчаи меҳнатӣ ва маълумотнома дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ ба Хадамоти кадрҳо ва коргузории Ҷамъият пешниҳод намоянд. Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои мазкурро бо таври электронӣ низ (бо формати .pdf) ба суроғаи Ҷамъият (hr@somonair.com; info@somonair.com) пешниҳод намоянд.
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо 16 феврали соли 2025. Барои арзёбӣ ва суҳбат номзадоне интихоб карда мешаванд, ки ба талаботи тахассусӣ мувофиқ бошанд.

Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо: 16-02-2025
Телефон барои тамос: (+992 44) 640 40 46, (+992 44) 640 40 55.
Email: (hr@somonair.com; info@somonair.com)