ШИРКАТИ ҲАВОПАЙМОИИ “СОМОН ЭЙР” ВА SHANGHAI HAIZHU ENGINEERING & DESIGN GROUP ЁДДОШТИ ҲАМКОРИРО БА ИМЗО РАСОНИДАНД
 
                        Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе мулоқоти роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” бо намояндагони ширкати хитоии Shanghai Haizhu Engineering & Design Group Co., Ltd. (HIZ) баргузор гардид. Ширкати мазкур аз ширкатҳои пешсафи Ҷумҳурии Халқии Хитой дар соҳаи тарроҳӣ ва сохтмони зерсохтори авиатсионӣ ба шумор рафта, ба даҳгонаи беҳтарин ширкатҳои сохтмонии фурудгоҳҳои Хитой шомил мебошад.
Дар ҷараёни музокирот, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориро дар самти рушди зерсохторҳои фурудгоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд. Диққати махсус ба масъалаҳои тарроҳӣ ва сохтмони биноҳои (ангар) хизматрасонии техникӣ ба ҳавопаймоҳо зоҳир карда шуд.
Дар охир миёни ҷонибҳо ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд, ки таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи ангарро дар бар мегирад.
Ширкати HIZ, ки соли 2001 таъсис ёфтааст, дар соҳаи тарроҳии меъморӣ ва сохтмони иншооти бузурги зерсохторҳои авиатсионӣ дорои таҷрибаи бисёрсола мебошад. Ҳамкорӣ бо ширкати HIZ барои муосирсозии зерсохтори техникии авиатсионии Тоҷикистон ва рушди иқтидори хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳо имкониятҳои навро фароҳам меорад.