Somon Air
Менюи асосӣ
>
Бағоҷ
>
Бори дастӣ

Бори дастӣ

Чиро метавонед бо худ ба толори мусофирнишини ҳавопаймо ҳамчун бори дастӣ бигиред?

Бо худ чизҳоеро бигиред, ки ҳангоми парвоз ва ё дарҳол пас аз нишасти ҳавопаймо ба Шумо лозим хоҳанд шуд. Масъалан:

• Сумка ё портфел;

• Ҷузвдон барои коғазҳо;

• Чатр;

• Асо;

• Дастаи гул;

• Либоси болопӯш;

• Китобҳо, маҷаллаҳо барои хондан дар вақти парвоз;

• Хӯрок барои кӯдак дар вақти парвоз;

•Телефони мобилӣ;

• Фотоаппарат (дастгоҳи аксбардорӣ)

• Видеокамера;

• Ноутбук.

«Бори дастӣ» ва «бағоҷ» чист?

Ба бори дастӣ чизҳое дохил мешаванд, ки ҳангоми парвоз ваё дарҳол пас аз нишасти ҳавопаймо дар нуқтаи таъинӣ ба Шумо лозим меоянд ва Шумо онҳоро бо худ ба толори ҳавопаймо мебаред, масалан, телефони мобилӣ, камера, ҷузвдон бо коғазҳо, ғизо барои кӯдаки хурдсол.

Мусофир метавонад танҳо як бағоҷи дастиро дар эконом класс бо вазни то 7 кг ва дар бизнесс-класс бо вазни то 10 кг  ва андозаи  55 х 40 х 25 см бо худ бигирад.

Бағоҷ - чизу чораи шахсиест, ки бо он Шумо сафар менамоед. Баръакси бори дастӣ бағоҷро дар фурудгоҳ дар нуқтаи бақайдгирии мусофирон супоридан лозим аст. Вазн ва андозаи бағоҷи ройгон интиқолшаванда маҳдуд мебошанд ва аз меъёрҳои муқаррарнамудаи интиқолдиҳанда вобаста мебошанд.

Оё бағоҷ ва бори дастиро дар вебсайт барасмият даровардан мумкин аст?

Не, бағоҷ ва бори дастӣ танҳо дар фурудгоҳ, дар нуқтаи бақайдгирии мусофирон ба расмият дароварда мешаванд.

Есть ли ограничения по весу и габаритам для ручной клади?
Да, такие ограничения есть – для удобства размещения в салоне пассажиров и безопасности полёта. Пассажир может провозить только один ручной багаж не тяжелее 7 кг в эконом-классе и 10 кг в бизнес-классе с размерами 55 х 40 х 25 сантиметров.

В зоне регистрации рейсов есть специальные рамки-ограничители, с помощью которых вы можете проверить, соответствует ли ваша ручная кладь установленным габаритам. Напомним, что вес ручной клади не входит в норму бесплатного провоза багажа.

Оё барои бағоҷи дастӣ аз рӯи вазн ва ё андоза маҳдудият вуҷуд дорад?

Бале, чунин маҳдудиятҳо барои таъмини бароҳатии мусофирон дар толори мусофирнишин ва бехатарии парвозҳо вуҷуд доранд.  Мусофир метавонад танҳо як бағоҷи дастиро – дар эконом класс бо вазни то 7 кг ва дар бизнесс-класс бо вазни то 10 кг ва андозаи 55 х 40 х 25 см бо худ бигирад.

Дар нуқтаи бақайдгирии мусофирон чорчӯбаи махсуси меъёрӣ мавҷуд аст, ки тавассути он Шумо метавонед мутобиқати бори дастии худро ба андозаҳои муқарраршуда бисанҷед. Хотиррасон менамоем, ки вазни бори дастӣ ба меъёри бағоҷи ройгон интиқолшаванда дохил намешавад.