Баргардонидани чипта
Баргардонидани маблағи итиқолоти истифоданашуда аз рӯи чиптаи электронӣ, ки бо корти бонкӣ дар сомонаи ширкати ҳавопаймоӣ пардохт шудааст, танҳо ба суратҳисоби корте, ки бо он маблағи интиқолот пардохт шудааст, анҷом дода мешавад.
Маблағи баргардонидашаванда мувофиқи шартҳои тарофаи чипта ҳисоб карда мешавад.
Пас аз анҷоми амалиёти баргардонидани чиптаи ҳавопаймоӣ, маблағҳои баргардонидашаванда дар давоми то 20 рӯзи корӣ аз рӯзи анҷоми амалиёти бозпасдиҳии чипта ба корти Шумо гузаронида мешаванд.
Баргардонидани маблағи чиптаҳои дар хазинаи чиптафурӯшии ширкат ва ё агентиҳои фурӯши интиқолоти ҳавоӣ харидоришуда дар нуқтаи хариди чипта анҷом дода мешавад.
Боргирии дархости баргардонидани чипта
Барои гирифтани маълумот оид ба баргардонидани чиптаҳои ҳавопаймоӣ бо рақамҳои зер тамос бигиред ва ё ба нишонии электронии call-center@somonair.com бинависед.
+992 44 640 40 40
+992 44 640 40 49
+992 44 640 40 50