Somon Air
Менюи асосӣ
>
Мусофирон
>
Талаботи раводид

Талаботи раводид

Тартиби вуруди қонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави давлатҳои хориҷӣ аз ҷониби мақомоти давлатҳои дахлдор муайян карда мешавад. Маълумоти расмӣ дар бораи ҳуҷҷатҳои зарурии вурудиро Шумо метавонед танҳо аз консулгарии кишваре, ки ба он ҷо сафар мекунед, дастрас намоед.

Ҳуҷҷатҳои асосие, ки убури сарҳади давлатии кишвари хориҷиро иҷозат медиҳанд, шиноснома ва раводид мебошанд. Феълан шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба беш аз 30 кишвари ҷаҳон бе раводид сафар намоянд, дар баъзеи дигар низоми соддакардашудаи гирифтани раводид вуҷуд дорад. Пеш аз сафар маълумоти заруриро инҷо - https://consular.tj/bezvizovaya-systema.aspx аниқ намоед:

Мусофир барои дуруст ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо, риояи тамоми қонунҳо, қарорҳо, қоидаҳо ва муқаррароти мақомоти давлатии кишваре, ки аз (тавассути) ё ба қаламрави он сафар анҷом дода мешавад, масъул мебошад.

Барои шаҳрвандони хориҷӣ

Барои муайян кардани тартиби гирифтани раводид ба Тоҷикистон ба ин нишонӣ - https://www.consular.tj/poryadok-oformleniya-vizi.aspx гузаред.

Барои дарёфти раводиди электронии кӯтоҳмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонед варақаи раводиди электрониро дар вебсайти www.evisa.tj пур намоед