Somon Air
Менюи асосӣ
>
Мусофирон
>
Интиқоли гурӯҳи хосаи мусофирон

Интиқоли гурӯҳи хосаи мусофирон

Диққат! Фурӯши чиптаи ҳавопаймоӣ барои мусофирони гурӯҳи хоса дар саридораи ширкат ва нуқтаҳои фурӯши агентҳои ваколатдор имконпазир мебошад. Агенти фурӯши чипта тафсилоти заруриро мушаххас менамояд ва оиди имконияти интиқолот дархост мефиристад.  Қайд менамоем, ки дар баъзе ҳолатҳо ширкати ҳавопаймоӣ ҳуқуқ дорад аз интиқоли мусофирони гурӯҳи хоса даст кашад. Лутфан бо шартҳои интиқол ва талабот нисбати мусофирони гурӯҳи хоса шинос шавед.

Ба гурӯҳи хосаи мусофирон дохил мешаванд:

• Беморони вазнин ва беморони рӯи тахта, ки барои интиқоли онҳо шароитҳои махсус лозим мебошанд;

• Мусофирони нобинову ношунаво;

•Мусофироне, ки зимни истифода аз нақлиёти ҳавоӣ имкониятҳои маҳдуди ҳаракат доранд (мусофирони имконияташон маҳдуд, маъюбон дар аробачаи маъюбӣ).

Интиқоли мусофирони гурӯҳи хоса бояд на камтар аз 48 соат пеш аз парвоз бо ширкати ҳавопаймоӣ мувофиқа карда шавад. Ҳангоми хариди чипта ҳатман масъули фурӯши чиптаро дар бораи ҳолати мусофир, вазъи саломатии ӯ огоҳ намоед!

Мусофирони ҳолаташон вазнин

Бо мақсади таъмини бехатарии парвозҳо ширкати ҳавопаймоӣ мусофиронеро, ки бо мақсадҳои тиббӣ ба оксиген ниёз доранд, қабул намекунад. Бинобар мавҷуд набудани шароитҳои зарурии техникӣ ва тиббӣ дар дохили ҳавопаймоҳо беморони вазнин ва рӯи тахта барои интиқолот қабул карда намешаванд.

Интиқолдиҳанда метавонад интиқол ё идомаи онро ба шахсе рад кунад, ки интиқолаш бинобар вазъи саломатиаш (дар асоси далелҳои муқарраршудаи ташхиси тиббӣ ва ғайра) ба ҳаёти ӯ, бехатарии мусофирони дигар, ҳавопаймо ва ё ҳайати парвозӣ хатар эҷод намояд.

Бо сактаи дил (инфаркти миокард) ё ҷарроҳии дил, ки дар ду ҳафтаи қаблӣ гузаронида шудааст, стенокардияи ноустувор (нафастангӣ), аритмияҳои назоратнашавандаи дил мусофир қатъиян ба парвоз роҳ дода намешавад.

Дар ҳолати норасоии мутлақи инсулин - вақте сатҳи инсулин дар хун якбора паст мешавад, беморон бояд аз парвоз худдорӣ намоянд, зеро чунин беморон ба қабули доимии экзогении инсулин ниёз доранд.

Мусофирони нобино/ношунаво

Мусофирони нобино ва ношунаво метавонанд бо ҳамроҳии шахсони дигар ё саги роҳнамо, ва ё таҳти назорати кормандони ширкати ҳавопаймоӣ (барои ин мусофир бояд пешакӣ аризаи хаттӣ нависад) парвоз намоянд.

Ҳангоми интиқоли мусофири нобино бо ҳамроҳии саги роҳнамо, ба шарти доштани шаҳодатномаи таълими махсус, саг дар толори эконом-класс ройгон интиқол дода мешавад. Саг бояд гарданбанду даҳонбанд дошта бошад ва назди пойи мусофире, ки ҳамроҳиаш мекунад, ба курсӣ баста шавад.

Мусофироне, ки ҳам ношунаво ва ҳам нобино мебошанд, танҳо дар сурати ҳамроҳии шахси алоҳида, ки ҳангоми парвоз ба онҳо ёрӣ мерасонад, парвоз карда метавонанд.

Мусофирони имконияташон маҳдуд

Мусофирони дар аробачаи маъюбӣ нишаста, ки дар дохили ҳавопаймо мустақилона ҳаракат карда наметавонанд, бо ҳамроҳии шахси алоҳидаи парастор ва ё таҳти назорати Интиқолдиҳанда (пас аз пешниҳоди аризаи хаттии мусофир барои интиқол таҳти назорати Интиқолдиҳанда) интиқол дода мешаванд.

Тавсия медиҳем, ки ба фурудгоҳ пешакӣ ҳозир шавед, то бешитоб аз қайди парвоз гузаред. Лутфан ба парвози худ пешакӣ омода шавед, зеро ҳаракат дар ҳавопаймо душвор ё ғайриимкон буда метавонад. Дар бори дастӣ ҳама маводҳои заруриатонро бо худ бигиред.

Асобағал, чӯбдаст ва асои пешравро мусофир метавонад дар дохили ҳавопаймо бо худ бигирад. Аробачаҳои маъюбӣ дар бағоҷдони ҳавопаймо интиқол дода мешаванд. Аробачаи маъюбии Шумо фавран пас аз баромадан аз ҳавопаймо ва ё дар минтақаи бағоҷгирӣ, ки то онҷо бо аробачаи фурудгоҳӣ расонида мешавед, баргардонида мешавад. Вобаста аз самти парвоз хизматрасонӣ метавонад пулакӣ бошад.

Барои беморон ва мусофирони имконияташон маҳдуд доруворӣ, курсии ҷамъшаванда (коляска), асобағалҳо ройгон интиқол дода мешаванд ва ба меъёри ройгони бағоҷ дохил карда намешаванд.

Пеш аз сафар ҳатман оид ба пайомадҳои эҳтимолӣ бо духтур машварат намуда, маслиҳат бигиред.

Барои гирифтани маълумоти бештар бо рақамҳои зер тамос бигиред:

+992 44 640 40 40
+992 44 640 40 49
+992 44 40 640 50