Интиқоли ҳайвонот
Дар бораи интиқоли ҳайвонот мусофир бояд ҳангоми хариди чипта маълумот диҳад. Ҳайвонот барои интиқолот ба шарте қабул карда мешаванд, агар мусофир пурра масъулиятро барои ҳайвон ба зиммаи худ гирад. Интиқолдиҳанда барои осеб дидан, беморӣ ё марги ҳайвоноти интиқолшаванда, инчунин рад шудани воридот ба ин ё он кишвар ва ё убури қаламравашон ҷавобгар нест. Мусофир барои риояи талаботи ҳукуматҳо, аз ҷумла иҷозатномаҳои вуруд ва хориҷшавӣ, шаҳодатномаҳои тиббии кишварҳо ва ҳама гуна маҳдудиятҳои аз ҷониби давлатҳо, минтақаҳо ё мақомоти дахлдор муқарраршуда масъул мебошад.
Дар хатсайрҳои ҶДММ “Сомон Эйр” интиқоли ҳайвоноти хонагӣ дар қафасҳои махсус ба сифати бағоҷи бақайдгирифташуда дар толори мусофирнишин ва қисмати бағоҷдони ҳавопаймо анҷом дода мешавад. Дар толори мусофирнишин танҳо сагу гурбаҳо, ки вазнашон (бо инобати вазни қафас) то 5 кг аст, интиқол дода мешаванд. Паррандаву, ҳайвоноти дигари хонагӣ, инчунин гурба ва сагҳои вазнашон аз 5 то 50 кг (бо инобати вазни қафас) дар қисмати бағоҷдони ҳавопаймо интиқол дода мешаванд.
Ҳайвонот пулакӣ интиқол ёфта, хизматрасонӣ тибқи нархномаи дукаратаи бағоҷи аз меъёр зиёд пардохт карда мешавад. Нархномаи бағоҷи аз меъёр зиёд аз самти парвоз вобастагӣ дорад ва вазнкашии ҳайвонот бо қафас/контейнер анҷом дода мешавад. Маълумоти дақиқро шумо метавонед аз ин саҳифа дарёфт намоед.
Интиқоли сагҳои роҳнамо, ки мусофирони имконияташон маҳдудро ҳамроҳӣ менамоянд, дар дохили толори мусофирнишини ҳавопаймо ройгон анҷом дода мешавад. Чунин саг бояд, ғайр аз дигар ҳуҷҷатҳои барои интиқолоти ҳавоӣ лозима, сертификати омӯзиши махсус, даҳонбанд ва гарданбанд дошта бошад. Барои интиқоли ҳайвонот мусофирон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- Шиносномаи байтории ҳайвон;
- Маълумотнома дар бораи вазъи саломатии ҳайвон (дар клиникаҳои байтории давлатӣ пешниҳод мешавад). Муоинаи ҳайвон бояд на пештар аз 5 рӯзи то парвози нақшавӣ гузаронида шавад ва дар маълумотнома оид ба эмгузаронии синну солӣ низ бояд маълумот дарҷ шуда бошад. Сузандорӯи ахирин аз бемории ҳорӣ бояд на пештар аз 1 соли ахир ва на дертар аз ду моҳи пеш аз парвоз гузаронида шуда бошад;
- Маълумотнома дар хусуси он, ки ҳайвон арзиши зотӣ надорад ва ё дорад;
- Иҷозатномаи воридот;
- Сертификат оид ба омӯзиши махсуси саги роҳнамо.
Ҳангоми банақшагириии сафар ҳатман аз хадамоти байтории фурудгоҳи парвоз маълумот бигиред.
Нуқтаи назорати давлатии байторӣ ва бехатарии ғизо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе: +992 98 870 26 26.
Маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр": +992 44 640 40 49, +992 44 640 40 50, +992 93-7777-459 (Whatsapp)
Шӯъбаи кор бо намояндагони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»: +992 93 777 70 34, 93 777 70 35
Хоҳиш менамоем ба фурудгоҳ пешакӣ ҳозир шавед, то бе ташвиш ҳама тартиботи заруриро гузаред.
Маълумоти муҳим!
Дар як қафас/контейнер бояд як ҳайвон ҷойгир бошад. Андозаи қафас бояд имкон диҳад, ки ҳайвон қад кашида, ҳолати худро иваз намояд ва боз дароз кашида тавонад. Қисми поёнии қафас/контейнер бояд обногузар бошаду маводи моеъҷабанда дошта бошад ва даричаи қафас бо қулф маҳкам шавад.
Барои интиқоли ҳайвонот дар толори мусофирнишини ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” – Boeing B737-800/900, андозаҳои контейнер/қафас ба дарозӣ, паҳноӣ ва баландӣ набояд аз 32×43×20 см зиёд бошад. Вазни умумии ҳайвон бо инобати қафас набояд аз 5 кг зиёд бошад.
Ҳангоми интиқоли ҳайвонот дар қисмати бағоҷдони ҳавопаймо вазни ҳайвон бо инобати вазни қафас набояд аз 50 кг зиёд ва андозаҳои дарозӣ, паҳноӣ ва баландии қафас набояд аз 120x80x80 сантиметр зиёд бошад.
Зимни интиқоли гурбаву сагҳо ва парандагон дар қисмати бағоҷдони ҳавопаймо қафас/контейнер бояд мустаҳкам ва дастадор бошад. Қафасҳое, ки чарх доранд, бояд тормоз низ дошта бошанд, то қафас ҳангоми парвоз ҳаракат накунад.
Ҳайвоноти вазнашон зиёда аз 50 кг (бо инобати вазни қафас) барои интиқолот тавассути терминали боркашонӣ бо пешниҳоди борхат (AWB) қабул карда мешаванд.
Диққат!
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" бинобар мавҷудияти маҳдудиятҳои қатъии воридоти ҳайвонот ба қаламрави АМА дар хатсайри Душанбе – Дубай ҳайвонотро ба сифати бағоҷи бақайдгирифташуда барои интиқол қабул намекунад.
Ҳавонот барои интиқол танҳо ба сифати бор тариқи терминали боркашонӣ кабул карда мешаванд.