Парвоз бо кӯдакон
Дар хатсайрҳои дохилиҷумҳуриявии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” мусофир ҳуқуқ дорад, ки як кӯдаки то 5-соларо бе пешниҳоди курсии алоҳида ройгон интиқол диҳад. Агар мусофир хоҳиш дошта бошад, барои кӯдакаш метавонад ҷойи алоҳида бигирад, вале дар ин ҳолат чипта бо тартиби барои кӯдаки то 12-сола пешниҳод карда мешавад.
Барои кӯдакони дуюм, сеюм ва зиёдаи то синни 5-сола, инчунин барои кӯдакони аз 5 то 12- сола аз рӯи қоидаҳои бехатарӣ барои ҳар як кӯдак чипта бо ҷойи нишасти алоҳида пешниҳод карда мешавад.
Барои кӯдаки аз 5 то 12-сола, тибқи қоида, чиптаи ҳавопаймоӣ бо тахфифи 50% аз нархномаи амалкунанда пешниҳод карда мешавад. Аз рӯи ин чипта ба кӯдак ҷой ва ҳуқуқи интиқоли ройгони бағоҷ мутобиқи дараҷаи хизматрасонии дар чипта муайяншуда дода мешавад.
Дар хатсайрҳои байналмилалӣ ҳар як мусофири калонсол ҳуқуқ дорад, ки як кӯдаки то 2-соларо бе хариди чиптаи алоҳида интиқол диҳад. Ин кӯдак ҷои худро надорад ва дар парвоз дар оғӯши калонсолон хоҳад буд. Барои кӯдакони аз 2 то 12-сола харидории чипта ҳатмӣ мебошад ва ба ин кӯдакон ҷойи алоҳида ва аз нархи чипта 50% тахфиф дода мешавад.
Кӯдакони навзод
Бо кӯдакони навзод дар 7 рӯзи аввали баъди таваллуд парвоз кардан тавсия дода намешавад, зеро дар ҳавопаймо имкони расонидани ёрии махсуси тиббӣ вуҷуд надорад. Интиқоли кӯдакони пеш аз мӯҳлат таваллудшуда танҳо бо шаҳодатномаи тиббӣ, ки дар он бехатар будани интиқолоти ҳавоӣ барои кӯдак тасдиқ карда мешавад, анҷом дода мешавад.
Интиқоли кӯдакони беҳамроҳ
Дар парвозҳои дохилӣ ва байналмилалии ширкат кӯдакони аз 8 то 16-сола метавонанд бе ҳамроҳии калонсолон парвоз кунанд. Дар ин ҳолат барои чиптаи кӯдакон тахфиф дода намешавад. Интиқоли кӯдакони беҳамроҳ бо пардохти арзиши пурраи чиптаи калонсон амалӣ карда мешавад.
Кӯдакони беҳамроҳ танҳо ба парвозҳои мустақими ширкат барои интиқол қабул карда мешаванд. Хизматрасонӣ дар парвозҳои фармоишӣ (чартерӣ) ва ё хатсайрҳори кодшерӣ пешниҳод карда намешавад. Барои кӯдаки беҳамроҳ хариди чипта тариқи интернет имкон надорад, зеро хизматрасонии мазкур бояд пешакӣ мувофиқа карда шавад.
Чиптаи ҳавопаймоиро барои кӯдаки беҳамроҳ дар маркази чиптафурӯшии саридораи "Сомон Эйр" метавон харидорӣ кард. Ҳангоми хариди чипта волидайн ё васии (парастор) кӯдак бояд ҳузур дошта бошанд ва варақаи интиқоли ноболиғро (Unaccompanied Minor Form) (Handling advice) имзо намоянд. Шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бе ҳамроҳ парвоз менамояд, дар хатсайрҳои дохилӣ бояд бо худ шаҳодатномаи таваллуд ва ваколатномаи нотариалии волидайн ё намояндаи қонуниашро дошта бошад. Дар хатсайрҳои байналмилалӣ доштани шиносномаи хориҷӣ, ваколатномаи нотариалии волидайн ё намояндаи қонунии шаҳрванди ноболиғ, ки роҳбаладони ширкатро барои ҳамроҳӣ намудани кӯдак муваззаф менамояд, зарур мебошад.
Ҳангоми фиристодан волидайн ва ё шахси ҳамроҳикунандаи кӯдак дар фурудгоҳ бояд ноболиғро аз даст ба дасти корманди ширкати ҳавопаймоӣ супорида, маълумотномаро дар бораи мусофири хурдсол ва пешвозгирандагон пешниҳод намоянд.
Намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ якҷоя бо кӯдак аз қайди парвоз, тафтиши шиноснома гузашта, шахсан ӯро ба ҳавопаймо мешинонад ва кӯдакро ба ҳайати парвозӣ месупорад. Баъди расидан ба макони таъйинӣ роҳбалад кӯдакро ба намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ месупорад ва намоянда пас аз гузаштани тафтиши шиноснома мусофири хурдсолро ба дасти пешвозгирандагон месупорад. Дар фурудгоҳ кӯдак танҳо ба шахсоне, ки номашон дар маълумотнома оварда шудааст, пас аз тафтиши шиносномаашон супорида мешавад. Агар шахсе, ки бояд кӯдакро пешвоз гирад, дар фурудгоҳ ҳозир набошад, ширкати ҳавопаймоӣ бо пешвозгиранда ва бо волидони кӯдак тамос мегирад.
Телефонҳо барои маълумот:
+992 44 640 40 40
+992 44 640 40 49
+992 44 640 40 50
+992 93 777 70 34
+992 93 777 70 35