Дар бораи ширкат
Сомон Эйр – интиқолдиҳандаи ҳавопаймоии Тоҷикистон буда, аз соли 2008 дар бозори байналмилалии интиқолоти ҳавоӣ бомуваффақият фаъолият менамояд ва ягона ширкати ҳавопаймоии кишвар аст, ки ба узвияти IATA (Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ) қабул гардидааст.
Интиқоли мусофирон самти асосии фаъолияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» мебошад ва қонеъ намудани талаботи аҳолии кишвар ба интиқолоти ҳавоӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифату дастрас ва эътимоднок, мутобиқат ба стандартҳои байналмилалии бехатарии парвозҳо ва ҳамчунин рушд додани соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон аз ҳадафҳои асосии ширкат маҳсуб меёбанд.
Ширкат ба рушди устувор, тавсеаи шабакаи парвозҳо, навсозии парки ҳавопаймоӣ нигаронида шудааст ва дар фаъолияти худ аз технологияҳои муосир васеъ истифода намуда ҷонибдори роҳандозии навовариҳо мебошад.
Пойгоҳи асосии ширкат Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе буда, ширкат ҳамчунин ба/аз Фурудгоҳҳои байналмилалии Хуҷанд ва Кӯлоб парвозҳо анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои насли нави Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат мебошад.
Дар айни замон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Тоҷикистон ба 25 самт, аз ҷумла ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Қатар, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.
Таърихи ташаккулёбии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар санаҳо чунин аст:
- 05.02.2008 - Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвози нахустини худро тавассути ҳавопаймои Boeing 737-800 дар хатсайри Душанбе-Москва иҷро намуд;
- То ниммаи соли 2009 ширкати ҳавопаймоӣ аллакай ду ҳавопаймои Boeing 737-800-ро мавриди истифода қарор дод;
- Моҳи июли соли 2009 Сомон Эйр аввалин шуда дар Тоҷикистон ба фурӯши чиптаҳои электронӣ шурӯъ кард.
- Моҳи июли соли 2009 сомонаи интернетии ширкат - www.somonair.сom ба кор андохта шуд;
- 29.07.2009 аввалин парвоз дар хатсайри нави Душанбе – Франкфурт иҷро шуд;
- 03.09.2009 аввалин парвоз аз Душанбе самти шаҳри Санкт-Петербург иҷро шуд;
- 18.09.2009 хатсайри Душанбе – Красноярск роҳандозӣ шуд;
- 03.12.2009 хатсайри нави Душанбе – Истанбул – Душанбе кушода шуд;
- 07.12.2009 иҷрои парвозҳо аз Душанбе самти Оренбург оғоз ёфт;
- 12.04.2010 иҷрои парвозҳо дар хатсайри Хуҷанд - Екатеринбург шурӯъ гардид;
- Моҳи апрели соли 2010 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» низоми фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоиро тавассути интернет ба роҳ монд. Дар вебсайти ширкати ҳавопаймоӣ www.somonair.com бо истифода аз кортҳои бонкии системаҳои байналмилалии пардохтӣ аз қабили Visa, EuroCard/MasterCard, DINER’S CLUB ва JSB имкони бандкунии ҷой ва хариди чипта фароҳам оварда шуд;
- 19.04.2010 оғози иҷрои парвозҳо аз Душанбе ба Алмаато;
- 12.10.2010 хатсайри нави Душанбе – Урумчӣ кушода шуд;
- 20.09.2011 “Сомон Эйр” ҳавопаймои нави худ Boeing 737-900-ро аз корхонаи истеҳсолкунандааш қабул намуда, харитаи парвозҳои худро бо хатсайрҳои нави Душанбе-Краснодар, Душанбе-Қазон, Хуҷанд - Қазон тавсеа дод;
- 04.02.2012 нахустин парвозҳо аз Хуҷанд ба самти Краснодар сурат гирифтанд;
- 04.04.2012 аз Хуҷанд ба Сочӣ парвозҳо роҳандозӣ шуданд;
- Моҳи апрели соли 2013 ширкати ҳавопаймоӣ расман ба интерлайн-созишномаи бисёрҷонибаи MITA (Multilateral Interline Traffic Agreements) оид ба ҳамлу нақли борҳо, ки дар асоси дастуру қоидаҳои Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) амал мекунад, ҳамроҳ шуд;
- Моҳи июни соли 2013 “Сомон Эйр” узви IATA Clearing House гардид;
- Моҳи майи соли 2015 ширкати ҳавопаймоӣ барои омодасозии саривақтии ҳавопаймоҳо ба иҷрои парвозҳо мукофоти корпоратсияи Боингро дар бахши High Technical On-Time Performance соҳиб гашт;
- 06.05.2016 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хатсайри нави Душанбе-Лоҳур-Душанберо ифтитоҳ кард;
- 20.05.2016 ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” сертификати IOSA-ро (аудити бехатарии амалиётии Асосисиатсияи байналмиалии нақлиёти ҳавоӣ - IATA) ба даст овард;
- 31.08.2016 “Сомон Эйр” хатсайри нави Душанбе-Новосибирскро роҳандозӣ намуд.
- 01.09.2016 ширкат хатсайри нави Душанбе-Сочиро ифтитоҳ дод.
- Дар соли 2016 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои саҳмгузорӣ дар рушди бахши сайёҳии Тоҷикистон ҷоизаи махсуси Кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гашт;
- Моҳи ноябри соли 2016 ширкат иҷозатномаи расмии EASA-ро (Агентии аврупоӣ оид ба бехатарии парвозҳо) барои ирсоли дархост ҷиҳати гирифтани ҳуқуқи истисноии иҷрои парвозҳои мунтазам ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз Иттиҳоди Аврупо ва дар қаламрави Аврупоро гирифт;
- 05.05.2017 ширкати ҳавопаймоӣ сертификати дуюми IOSA-ро гирифт;
- 06.09.2017 ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” сертификати узвият дар Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ - IАТА-ро соҳиб гашт. Барои ширкат ин дастоварди деринтизор ва марҳалаи нав дар таърихи музаффариятҳои ширкат буд. Узвият дар ин Ассосиатсияи бонуфузи байналмилалӣ барои истифодаи таҷрибаи интиқолдиҳандагони ҳавоии пешбар, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва намудҳои нави хизматрасонӣ, ҳамзамон баланд бардоштани стандартҳои фаъолияти оперативӣ ва осон кардани тартиби бастани созишномаҳо имконият фароҳам меорад. Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ IATA – ассосиатсияи ихтисосии ширкатҳои ҳавопаймоии иҷрокунандаи хатсайрҳои байналмилалӣ буда, вазифаи ҳамоҳангсозӣ ва намояндагии манфиатҳои соҳаи нақлиёти ҳавоиро дар бахшҳои таъмини бехатарии парвозҳо, иҷрои парвозҳо, хизматрасонии техникӣ, бехатарии авиатсионӣ ва тарҳрезии стандартҳои байналмилалӣ анҷом медиҳад;
- 31.10.2017 “Сомон Эйр” иҷрои парвозҳоро дар хатсайри Кӯлоб – Москва (Внуково) оғоз намуд;
- 17.04.2018 бо мақсади густариши фаъолияти истеҳсолӣ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» намояндагии расмии худро дар шаҳри Истанбули Туркия таъсис дод;
- 06.08.2018 ширкати ҳавопаймоӣ иҷрои парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Бухоро-Душанбе оғоз намуд;
- 14.03.2019 ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" иҷрои парвозҳоро аз Душанбе ба фурудгоҳи байналмилалии Внуковои шаҳри Москва шурӯъ намуд;
- 15.07.2019 ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" маркази таълимии авиатсионии (МТА) худро барои мутахассисони авиатсионии ихтисосҳои гуногун таъсис дод. Маркази таълими авиатсионии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дорои сертификати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ барои гузаронидани омӯзиш мебошад ва курсҳои гуногуни омодагии ибтидоӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси ҳайати парвозии ҳавопаймо, кормандони хадамотҳои рӯйизаминӣ ва бехатарии авиатсиониро мегузаронад;
- 01.12.2019 “Сомон Эйр” аввалин парвози худро дар хатсайри Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе иҷро намуд;
- 18.12.2019 “Сомон Эйр” бо ҷоизаи «Бренди сол - 2019» қадрдонӣ шуд. Дар маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ширкати ҳавопаймоӣ мукофоти тиллоӣ ба даст овард;
- Моҳи декабри соли 2019 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Палатаи Клирингии Нақлиёт оид ба эътибори маркази таълимӣ шаҳодатнома ба даст овард, ки ваколати марказро барои гузаронидани омодагии кормандони иштироккунандагони Системаи ҳисоббаробаркунӣ тасдиқ мекунад.
- 18.06.2021 ягона зан-ҳавонаварди ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Татяна Афентева нахустин парвози мустақилонаи худро анҷом дод. Татяна ба ҳайси сарнишини дуюм дар хатсайри мунтазами Душанбе-Тошканд-Душанбе парвоз намуд;
- 13.11.2021 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» нахустин парвозро дар хатсайри Душанбе-Самара-Душанбе иҷро намуд;
- 06.06.2022 ширкат нахустпарвози мустақимро дар хатсайри Душанбе-Мюнхен-Душанбе анҷом дод;
- 01.08.2022 иҷрои парвозҳо аз Хуҷанд ба фурудгоҳи Внуковои шаҳри Москва шурӯъ ёфтанд;
- 30.08.2022 ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар доираи барномаи навсозии парки худ як ҳавопаймои Boeing 737-800-ро дар асоси лизинги амалиётӣ аз ширкати ACG вориди Душанбе намуд. Ҳавопаймо аз 189 курсии эконом иборат буда бо номи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода унвонгузорӣ шуд;
- 08.09.2022 боз як адад ҳавопаймои Boeing 737-800-ро аз ширкати ACG ба лизинги амалиётӣ гирифт. Ҳавопаймо аз 189 курсии эконом иборат буда, бо номи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум унвонгузорӣ шудааст. Бо дарёфти ҳавопаймоҳои нав шумораи ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар маҷмӯъ ба шаш адад расид (ду ҳавопаймои Боинг 737-900 ва чаҳор ҳавопаймои Боинг 737-800). Қабули ҳавопаймоҳои нав ба таҷлили 31-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи авиатсияи гражданӣ рост омад;
- 13.12.2022 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» нахустин парвози худро дар масири Душанбе – Исломобод – Душанбе анҷом дод.
- 31.01.2023 иҷрои парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Теҳрон-Душанбе оғоз ёфтанд;
- 09.03.2023 “Сомон Эйр” амалисозии парвозҳоро аз Душанбе ба шаҳри Ҷидда оғоз намуд;
- 23.09.2023 иҷрои парвозҳоро аз Душанбе ба Махачкала шурӯъ гардиданд;
- 04.02.2024 ширкат парвозҳоро аз шаҳри Хуҷанд ба Дубай оғоз намуд;
- 06.02.2024 аз Хуҷанд ба Ҷидда парвозҳо шурӯъ гардиданд;
- 07.03.2024 нахустпарвоз дар хатсайри Хуҷанд - Истанбул - Хуҷанд иҷро шуд;
- 02.04.2024 “Сомон Эйр” парвозҳои мунтазамро аз Душанбе ба пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона роҳандозӣ намуд;
- Моҳи апрели соли 2024 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» шаҳодатномаи гузариши муваффақонаи аудити навбатии IOSA-ро (аудити бехатарии амалиётиии Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ - IATA) гирифт. Гузариш аз аудити IOSA ба ширкат мақоми интиқолдиҳандаи байналмилалии бехатарро медиҳад. Имрӯз IOSA - стандарти ҷаҳонии соҳавии аудити бехатарии амалиётии ҳавопаймоҳо мебошад, ки барои арзёбии низоми идоракунии бехатарӣ, кафолати сифат ва идоракунии равандҳои истеҳсолии интиқолдиҳандагони ҳавоӣ пешбинӣ гардидааст. Мутобиқат ба талаботҳои ин аудит барои ҳар як ширкати ҳавопаймоӣ дастоварди бузурги касбӣ, эътирофи ҷаҳонӣ ва эътимод аст. Ширкатҳои ҳавопаймоии узви IATA бояд ҳар ду сол мувофиқати худро ба стандартҳои баланди авиатсияи гражданӣ исбот кунанд, зеро ин талаботи ҳатмӣ барои узвият дар Ассосиатсия мебошад.
- 22.05.2024 ширкати ҳавопаймоӣ иҷрои парвозҳоро дар хатсайри Душанбе – Тбилисӣ – Душанбе шурӯъ намуд.
- 27.06.2024 “Сомон Эйр” иҷрои парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе – Исломобод – Душанбе аз нав оғоз кард.
- 14.06.2024 хатсайри нави Хуҷанд – Урумчӣ – Хуҷанд роҳандозӣ шуд.
- 28.11.2024 парвозҳо дар масири Душанба – Давҳа – Душанбе оғоз ёфтанд.