Somon Air
Менюи асосӣ
>
Мусофирон
>
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ

Ҳангоми парвоз дар дохили  Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин лозим мебошанд:

Барои мусофирони калонсол - шиносномаи дохилӣ ё хориҷӣ.

Барои ноболиғон - шаҳодатномаи таваллуд.

Барои парвозҳои байналмилалӣ мусофир бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

Мусофирони калонсол бояд шиносномаи хориҷӣ ва аз рӯи зарурат раводид дошта бошанд. Мусофирони ноболиғ ҳамчунин бояд шиносномаи хориҷии худро дошта бошанд. Барои кӯдаконе, ки бе ҳамроҳии падару модар сафар менамоянд, ғайр аз шиносномаи хориҷӣ ҳамчунин ҳуҷҷати розигии падару модар бо тасдиқи нотариалӣ лозим мебошад. Барои кӯдаконе, ки бо як ё ҳарду волидайн ба хориҷа сафар мекунанд, дар нуқтаи сарҳадӣ далели муносибати байни кӯдак ва шахсони ҳамроҳ низ талаб карда мешавад.

Ба мӯҳлати эътибори ҳуҷҷатҳои худ диққат диҳед. Мӯҳлати амали шиноснома набояд камтар аз 6 моҳ аз рӯзи рафтан бошад. Мусофироне, ки мӯҳлати амали шиносномаҳояшон ба итмом расидааст, ба парвоз роҳ дода намешаванд. Ҳамчунин қайд менамоем, ки аз санаи 16-уми октябри соли 2017 ба шаҳрвандони Тоҷикистон харидории чипта бо шиносномаи мӯҳлаташ дарозкардашуда манъ аст. Маълумоти дар саҳифаи мазкур дарҷшуда хусусияти иттилоотӣ дорад ва хоҳиш менамоем қабл аз парвоз бо консулгарии давлатҳое, ки ба қаламравашон сафар менамоед ва ё қаламравашонро убур менамоед, тамос гирифта оиди талаботи раводид маълумоти дақиқ бигиред. Мусофир барои мавҷудият, эътибор доштан ва дурустии ҳуҷҷатҳои ворид ва беруншавӣ масъул мебошад.