Somon Air
Менюи асосӣ
Менюи асосӣ
>
Хизматрасониҳо
>
Таблиғот дар ҳавопаймо

Таблиғот дар ҳавопаймо

Таблиғ дар ҳавопаймо воситаи беҳтарини ҷалби таваҷҷуҳи мизоҷон ба маҳсулот ва хизматрасониҳои Шумо мебошад.

Муддати дароз дар фазои махдуд дар як ҳолат нишаста мусофир беихтиёр ба омӯзиши муҳити атроф шурӯъ менамояд – ба курсии дар пешистода, маҷалла ва маводҳои дар киссаи пеш гузошташуда нигоҳ мекунад. Ин омил таблиғро дар ҳавопаймоҳо таъсирноку натиҷабахш мегардонад ва Шумо метавонед барои пешбурди тиҷорати худ аз ин имконият истифода баред.

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" намудҳои зерини таблиғро дар дохили ҳавопаймоҳои худ пешниҳод медорад:

- Ҷойгирнамоии реклама дар маҷаллаи “Парвоз”;

- Ҷойгирнамоии реклама дар сармонаки курсӣ (эконом класс);

- Ҷойгирнамоии варақаҳои (флаер) таблиғотӣ дар киссаи курсиҳо;

- Ҷойгирнамоии реклама дар лифофаи чиптаи ҳавопаймоӣ.

Оид ба ҷойгирнамоии реклама бо рақами (+992) 44 640 50 27 ва ё почтаи электронии maksad.tavarov@somonair.com тамос бигиред.