Фармоиши чартер
ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» дар баробари иҷрои парвозҳои мунтазам анҷоми парвозҳои фармоиширо дар хатсайрҳои дохилӣ ва байналмилалӣ тариқи ҳавопаймоҳои Boeing 737-800(189 ҷойи нишаст) ва Boeing 737-900(184 ҷойи нишаст) пешниҳод менамояд. Мо дар татбиқи интиқолоти чартерӣ таҷрибаи муваффақ дорем ва омодаем талаботи мизоҷони серталабро қонеъ созем.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ оид ба ташкили парвози фармоишӣ (чартерӣ) ва арзиши хизматрасонӣ бо рақами +992 935 78 78 06 (WhatsApp) ва ё почтаи электронии: maksad.tavarov@somonair.com тамос бигиред.
Интиқолдиҳандаи ватанӣ - Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз соли 2008 инҷониб дар бозори интиқолоти ҳавоии байналмилалӣ фаъолият менамояд ва аз моҳи сентябри соли 2017 узви комилҳуқуқи Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад.