Ташкили интиқоли ҳавоии бор ва хизматрасонии брокерӣ
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо камоли хушнудӣ хизматрасонии ташкили интиқоли ҳавоии бор ва хизматрасонии брокериро пешниҳод менамояд.
Бо истифода аз ин хизматрасонӣ Шумо метавонед ба кормандони мо раванди пурраи интиқоли бор, аз ҷумла хизматрасониҳои зеринро бовар намоед:
- расонидани бор аз фурудгоҳи ирсол то анбори қабулкунанда (Airport to Door);
- расонидани бор аз анбори ирсолкунанда то фурудгоҳи таъинотӣ (Door to Airport);
- расонидани бор аз фурудгоҳи ирсол то фурудгоҳи таъинотӣ (Airport to Airport);
- барасмиятдарории борхат, иҷозатнома ва ҳуҷҷатҳои вобастаи борҳои калонҳаҷм, вазнашон зиёд ва ғайра, декларатсиякунонии гумрукии бор.
Бо мо тамос гиред ва мо интиқоли бори шуморо дар муддати кӯтоҳтарин бо нархи мувофиқ ташкил хоҳем кард!
Тел: +992 44 640 50 21, +992 977 77 71 07
Email: cargo@somonair.com, parviz.odibekov@somonair.com
* Хизматрасониҳои брокерӣ дар ҳама хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоӣ, ки ба ва ё аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иҷро мешаванд, амалӣ мегарданд.