Somon Air
Менюи асосӣ
Менюи асосӣ
>
Хизматрасониҳо
>
Интиқоли ҳайвонот

Интиқоли ҳайвонот

Дар бораи интиқоли ҳайвонот мусофир бояд ҳангоми хариди чипта огоҳӣ диҳад. Ҳайвонот барои интиқолот ба шарте қабул карда мешаванд, ки мусофир пурра масъулиятро барои ҳайвон ба зимма гирад.

Интиқолдиҳанда барои осеб дидан, беморӣ ё марги ҳайвоноти интиқолшаванда, инчунин рад шудани воридот ба ин ё он кишвар ва ё убури қаламравашон масъул нест.

Дар хатсайрҳои ҶДММ “Сомон Эйр Эйр” интиқоли ҳайвоноти хонагӣ (истисноан сагу гурбаҳо), ки вазнашон то 5 кг аст, дар толори мусофирнишини ҳавопаймо дар қафасҳои махсус анҷом дода мешавад. Парранда ва ҳайвоноти дигари хонагӣ бо андоза ва вазни гуногун, инчунин гурбаҳо ва сагҳои вазнашон зиёда аз 5 кг дар қисмати бағоҷдони ҳавопаймо интиқол дода мешаванд.

Ҳайвонот пулакӣ интиқол шуда, хизматрасонӣ тибқи нархномаи дукаратаи бағоҷи аз меъёр зиёд пардохт карда мешавад. Нархномаи бағоҷи аз меъёр зиёд аз самти парвоз вобастагӣ дорад ва вазнкашии ҳайвонот бо қафас/контейнер анҷом дода мешавад.

Интиқоли сагҳои роҳнамо, ки мусофирони нобиноро ҳамроҳӣ менамоянд, дар дохили толори мусофирнишини ҳавопаймо ройгон анҷом дода мешавад. Чунин саг бояд, ғайр аз дигар ҳуҷҷатҳои барои интиқолоти ҳавоӣ лозима, сертификати омӯзиши махсус, даҳонбанд ва гарданбанд дошта бошад. Барои интиқоли ҳайвонот мусофирон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  • - Шиносномаи байтории ҳайвон;
  • - Маълумотнома дар бораи вазъи саломатии ҳайвон (дар клиникаҳои байтории давлатӣ пешниҳод мешавад. Муоинаи ҳайвон бояд на пештар аз 5 рӯзи то парвози нақшавӣ гузаронида шавад ва дар маълумотнома оид ба эмгузаронии синну солӣ низ бояд маълумот дарҷ шуда бошад. Сузандорӯи ахирин аз бемории ҳорӣ бояд на пештар аз 1 соли ахир ва на дертар аз ду моҳи пеш аз парвоз гузаронида шуда бошад);
  • - Маълумотнома дар хусуси он, ки ҳайвон арзиши зотӣ надорад;
  • - Иҷозатномаи воридот;
  • - Сертификат оид ба омӯзиши махсуси саги роҳнамо.

Ҳангоми банақшагириии сафар ҳатман аз хадамоти байтории фурудгоҳи парвоз маълумот бигиред.

Нуқтаи назорати давлатии байторӣ ва бехатарии ғизо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе: +992 98 870 26 26.

Маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр": +992 44 640 40 49, +992 44 640 40 50, +992 937 77 74 59 (Whatsapp)

Шӯъбаи намояндагони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»: +992 93 777 70 34, +992 93 777 70 35

Хоҳиш менамоем ба фурудгоҳ пешакӣ ҳозир шавед, то бе ташвиш ҳама тартиботи заруриро гузаред.

Хотиррасон менамоем, ки мусофир барои бароҳатӣ ва рафтори ҳайвони худ ҳангоми парвоз дар толори мусофирнишини ҳавопаймо масъул мебошад.


Диққат!

Бинобар мавҷудияти маҳдудиятҳои қатъии воридоти ҳайвонот ба қаламрави АМА ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар хатсайри Душанбе – Дубай ҳайвонотро барои интиқол қабул намекунад.