Интиқоли ноболиғони беҳамроҳ
1. Дар парвозҳои дохилӣ ва байналмилалии ширкат кӯдакони аз 8 то 16-сола метавонанд бе ҳамроҳии калонсолон парвоз кунанд. Дар ин ҳолат барои чиптаи кӯдакон тахфиф дода намешавад. Интиқоли кӯдакони беҳамроҳ бо пардохти арзиши пурраи чиптаи калонсон амалӣ карда мешавад.
2. Кӯдакони беҳамроҳ танҳо ба парвозҳои мустақими ширкат барои интиқол қабул карда мешаванд.
3. Чиптаи ҳавопаймоиро барои кӯдаки беҳамроҳ дар маркази чиптафурӯшии саридораи "Сомон Эйр" метавон харидорӣ кард. Ҳангоми хариди чипта волидайн ё васии (парастор) кӯдак бояд ҳузур дошта бошад ва варақаи интиқоли ноболиғро (Unaccompanied Minor Form) (Handling advice) имзо намояд.
4. Шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бе ҳамроҳ парвоз менамояд, дар хатсайрҳои дохилӣ бояд бо худ шаҳодатномаи таваллуд ва ваколатномаи нотариалии волидайн ё намояндаи қонуниашро дошта бошад.
5. Дар хатсайрҳои байналмилалӣ доштани шиносномаи хориҷӣ(то анҷоми мӯҳлати амал зиёда аз 6 моҳ), ваколатномаи нотариалии волидайн ё намояндаи қонунии шаҳрванди ноболиғ, ки роҳбаладони ширкатро барои ҳамроҳӣ намудани кӯдак муваззаф менамояд, зарур мебошад.
6. Ҳангоми фиристодан волидайн ва ё шахси ҳамроҳикунандаи кӯдак дар фурудгоҳ бояд ноболиғро аз даст ба дасти корманди ширкати ҳавопаймоӣ супорида, дар маълумотномаи кӯдаки бе ҳамроҳ интиқолшаванда имзо гузоранд ва маълумот дар бораи пешвозгирандагонро дигарбора тасдиқ намоянд.
7. Намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ якҷоя бо кӯдак аз қайди парвоз ва тафтиши шиноснома гузашта, шахсан ӯро ба ҳавопаймо мешинонад ва кӯдакро ба ҳайати парвозӣ месупорад. Баъди расидан ба макони таъйинӣ роҳбалад кӯдакро ба намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ дар нуқтаи таъйинотӣ месупорад ва намоянда пас аз гузаштани тафтиши шиноснома мусофири хурдсолро ба дасти пешвозгиранда месупорад. Пешвозгиранда ҳамчунин бояд дар маълумотномаи кӯдак имзо гузорад ва ба ин тариқ беосеб расонидани кӯдакро тасдиқ намояд.
*Дар фурудгоҳи таъйинотӣ кӯдак танҳо ба шахсоне, ки номашон дар маълумотнома оварда шудааст, пас аз тафтиши шиносномаашон супорида мешавад.
Агар шахсе, ки бояд кӯдакро пешвоз гирад, дар фурудгоҳ ҳозир набошад, ширкати ҳавопаймоӣ бо пешвозгиранда ва ё бо волидони кӯдак тамос мегирад.
Телефонҳо барои маълумот:
- +992 44 640 40 49
- +992 44 640 40 50
- +992 937 77 74 59 (WhatsApp)
- +992 93 777 70 34
- +992 93 777 70 35