Интиқоли асбобҳои мусиқавӣ
Дар хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” асбобҳои мусиқавиро дар толори мусофирнишини (салони) ҳавопаймо ҳамчун бори дастӣ, дар қисмати бағоҷдон, дар толори мусофирнишини ҳавопаймо дар курсии мусофирон, ё ҳамчун бор фиристодан мумкин аст.
Асбобҳои хурди мусиқавиро (масалан, най ё скрипка) дар толори мусофирнишини ҳавопаймо ҳамчун бори дастӣ интиқол додан мумкин аст. Асбобҳо бояд дар қуттии сахти махсус бастабандӣ шуда бошанд ва дар рафи бағоҷ ҷойгир карда шаванд. Вазни асбоби мусиқавӣ бо борпечаш набояд аз 7 килограмм зиёд бошад.
Бағоҷи барасмиятдаровардашуда
Асбобҳои мусиқавии калон, ки андоза ва вазнашон аз меъёри бори дастӣ зиёд мебошанд, бояд дар ҷилди сахт ҳамчун бағоҷ супорида шаванд. Интиқоли асбобҳои мусиқавӣ дар қисмати бағоҷдон тибқи қоидаҳои умумии интиқоли бағоҷи ройгон ва аз меъёр зиёд анҷом дода мешавад. Агар Шумо асбобҳои калони мусиқавиро (гитара, виолончел, синтезатор ва ғ.) ҳамчун бағоҷ интиқол додан нахоҳед, метавонед онҳоро дар толори мусофирнишини ҳавопаймо (салон) дар ҷои алоҳидаи пардохтшуда интиқол диҳед.
Вазни асбоб бо борпеч набояд аз 75 килограмм ва андозааш аз 120x50x30 см зиёд бошад.
Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи интиқоли асбобҳои мусиқавӣ, лутфан ба саридораи ширкат муроҷиат намоед, ё бо намояндагони мо дар фурудгоҳҳои парвоз тамос бигиред, ки рақамҳои телефонашон дар ин саҳифа дарҷ шудааст.