Моддаҳо ва ашёҳои хатарнок
Тибқи моддаи 100-и Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоли ҳавоии борҳои хатарнок - силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои заҳрнок, зудоташгиранда, радиоактивӣ ва дигар ашё ва моддаҳои хатарнок тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ карда мешавад.
Бо мақсади таъмини бехатарии мусофирон дар дохили ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар бағоҷи барасмиятдаровардашуда ва бори дастӣ интиқоли модда ва ашёҳои хатарноки зерин ман аст:
- ашё ва моддаҳое, ки интиқоли онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумат, қоидаҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои байналмилалии соҳаи авиатсияи гражданӣ, созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои мақомоти давлатии ин ё он кишваре, ки ба/аз ва тавассути ҳудуди он интиқолот анҷом дода мешавад;
- силоҳи оташфишони автоматӣ ва газӣ;
- модда ва ашёҳои тарканда, маснуоти пиротехникӣ;
- газҳои моеъ ва фишурда барои истифодаи маишӣ;
- моеъҳо ва моддаҳои сахти оташгиранда;
- мавод ва моддаҳои зангзананда ё оксидкунанда;
- маводҳои радиоактивӣ;
- маводҳои магнитонидашуда;
- моддаҳои заҳрнок ва ангезанда;
- дигар ашё ва моддаҳое, ки метавонанд ба мусофирон, ҳавопаймо ё моликияти дохили ҳавопаймо зарар расонанд, ё ҳамчун аслиҳаи ҳамла истифода шаванд.
Итиқоли силоҳи ғайринизомӣ ва хидматӣ
Интиқоли силоҳи ғайринизомӣ (силоҳи варзишӣ, силоҳи шикорӣ ва худмуҳофизатӣ, ба ғайр аз силоҳи газӣ) тавассути ҳавопаймо танҳо бо гирифтани иҷозати мақомоти салоҳиятдор иҷозат дода мешавад. Силоҳи интиқолшаванда бояд ҳамчун бағоҷ ба расмият дароварда шуда, дар қисмати махсуси ҳавопаймо алоҳида аз мусофирон ҷойгир карда шавад. Интиқоли силоҳ дар толори мусофирниши ҳавопаймо қатъиян манъ аст. Яроқи оташфишон барои интиқолот қатъиян дар ҳолати холӣ будани тирдон ва бо бастабандии махсус (ғилоф, ҷилди сахт ва ғ.) қабул карда мешавад.
Мусофир вазифадор аст, ки ширкати ҳавопаймоиро пешакӣ (дар марҳилаи хариди чипта) дар бораи азми интиқоли силоҳ огоҳ созад. Дар хотир бояд дошт, ки дар ҳолати интиқоли яроқ мусофир бояд ба нуқтаи бақайдгирии мусофирон 2 соат пеш аз парвоз ҳозир шавад.
Қабули силоҳи худмуҳофизатӣ ва хидматӣ барои интиқол, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ба дохили ҳавопаймо расонидани силоҳ дар фурудгоҳи парвоз ва дар фурудгоҳи таъинотӣ пешниҳод кардани он ба мусофир аз ҷониби корманди хадамоти бехатарии авиатсионӣ амалӣ карда мешавад.
Интиқоли силоҳи ғайринизомӣ тибқи нархномаҳои бағоҷи аз меъёр зиёд пардохт мешавад. Илова бар ин, барои барасмиятдарорӣ ва мушоиати бағоҷи силоҳ ва тирдошта 100 евро барои як адад силоҳ ситонида мешавад. Барои интиқоли силоҳи хидматӣ маблағ гирифта намешавад.
Донистан муҳим аст!
Ворид намудани силоҳи хизматӣ ва ғайринизомӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи рухсатномаи мақомоти корҳои дохилӣ бо назардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи силоҳ” амалӣ карда мешаванд.
Силоҳ ва тирҳои ворид ва содиршаванда бояд тамға ё нишони мутобиқати стандартро дошта бошанд(Моддаи 22-и Қонуни ҶТ “Дар бораи силоҳ”).
Силоҳи шикорӣ ва варзиширо шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кунанд, агар қарордод барои шикор ё таклиф барои иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ ва рухсатномаи дахлдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд бошад. Силоҳ бояд аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қарордод ё таклифи зикргардида содир карда шавад(Моддаи 23, қисми 2-и Қонуни ҶТ “Дар бораи силоҳ”).
Ворид намудани тамоми намудҳо, навъҳо ва намунаҳои силоҳ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи онхо аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади таъмини амнияти шахсӣ, ҳимояи ҳаёт ва саломатии дигар шахсон, муҳофизати моликияти онҳо, ҳамлу нақли борҳо ва бо дигар мақсадҳое, ки дар қисми 2-и моддаи 23 зикр нагардидаанд, манъ аст, агар бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад(Моддаи 23, қисми 3-и Қонуни ҶТ “Дар бораи силоҳ”).
Аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ вайрон кардани мӯҳлати содир намудани силоҳ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тартиби ворид намудани он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи он боиси гирифтан ва мусодираи силоҳ мегардад(Моддаи 23, қисми 4-и Қонуни ҶТ “Дар бораи силоҳ”).