Somon Air
Менюи асосӣ
>
Бағоҷ
>
Интиқоли моеҳо дар бори дастӣ

Интиқоли моеҳо дар бори дастӣ

Мутобиқи қоидаҳои байналмилалии бехатарии парвозҳо ҳама гуна моеъҳо (аз ҷумла аэрозолҳо, гелҳо ва ғ.), ки ба толори мусофирнишин ворид карда мешаванд, ҳаҷми бастабандияшон бояд на бештар аз 100 мл (ҳаҷми умумии моеъҳо на бештар аз 1 литр) бошад ва дар халтачаи полиэтилении шафоф мустаҳкам бастабандӣ карда шаванд. Ба як мусофир бо худ гирифтани як халтача иҷозат дода мешавад.

Истисно доруҳои зарурӣ (масалан, барои гирифторони диабети қанд) ва ғизои кӯдакон, ки дар ҷараёни парвоз зарур мебошанд.

Моеъҳое, ки дар мағозаҳои Duty Free харидорӣ мешаванд, ба маҳдудиятҳои интиқоли моеъҳо дар толори мусофирнишини ҳавопаймо мансуб нестанд. Аммо кушодани бастабандии моеъҳои харидоришуда ҳангоми парвоз қатъиян манъ аст. Расидҳои хариди худро аз мағозаҳои Duty Free то охири парвоз нигоҳ доред.