Интиқоли бағоҷ
Тамоми бағоҷи интиқолшавандаи мусофир, аз ҷумла бори дастие, ки мусофир онро ба дохили ҳавопаймо бо худ мебарад, мутобиқи талаботҳои бехатарии парвозҳо бояд ҳангоми бақайдгирии мусофирони хатсайр ба кормандони ширкат нишон дода шавад. Ин талабот ба таъмини бехатарии парвозҳо марбут мебошад. Ба хотири бехатарии парвоз ва амнияти бағоҷ лутфан чизҳои худро беназорат нагузоред, онҳоро ба дигарон бовар накунед ва бағоҷи дигаронро нагиред. Бағоҷеро, ки ширкати ҳавопаймоӣ барои интиқол қабул намуда тамға мезанад, бағоҷи бақайдгирифташуда меноманд. Чунин бағоҷ дар қисмати бағоҷдони ҳавопаймо интиқол дода мешавад.
Мусофир метавонад арзиши бағоҷи супурдашавандаро эълон кунад. Барои интиқоли бағоҷи арзишаш эълоншуда маблағ гирифта мешавад, ки андозааш аз ҷониби интиқолдиҳанда муқаррар карда мешавад ва набояд аз арзиши воқеии бағоҷ зиёд бошад. Ҳама ашёе, ки бо арзиши эълоншуда барои интиқол қабул карда мешаванд, бояд бастабандии хуб дошта бошанд, ки эминии бағоҷро ҳангоми интиқолот таъмин намояд.
Илова ба меъёри муқарраршудаи бағоҷи ройгон ҳамчунин гирифтани ашёҳои шахсии зерин мумкин аст:
• Сумкаи хурди занона ё портфел;
• Дастаи гул;
• Борхалтаи полиэтиленӣ;
• Либоси болопӯш;
• Чатр ва ё асо;
• Камераи наворгирӣ ва ё аксбардорӣ;
• Ноутбук;
• Дурбин;
• Маводи чопӣ барои хондан ҳангоми парвоз;
• Аробачаи маъюбии қатшаванда ё асобағал (агар ба мусофир зарур бошанд);
• Халтача бо харид аз мағозаи Duty free.
Коғазҳои қимматнок ва корӣ, шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳо, доруворӣ, ашёҳои нозуки зудшикан, ҷавоҳирот, металлҳои қимматбаҳоро дар бори дастӣ гирифтан лозим аст.
Меъёрҳои интиқоли бағоҷ
Меъёри бағоҷи ройгон интиқолшаванда аз рӯи масири парвоз ва дараҷаи хизматрасонии парвоз муайян карда мешавад. Ду низоми меъёри интиқоли бағоҷ вуҷуд дорад: меъёри интиқоли бағоҷ аз рӯи вазн( weight concept) ва низоми миқдори ҷойҳо(piece concept). Низоми интиқоли бағоҷ аз рӯи вазн меъёри вазни бағоҷи ройгон интиқолшавандаро муайян менамояд. Меъёри бағоҷи ройгон интиқолшаванда барои калонсолон ва кӯдакони аз дусола болои пешбининамудаи ширкат комилан ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқат менамояд ва дар аксари самтҳо чунин муқаррар шудааст:
Интиқоли бағоҷ дар бизнес-класс - 30 кг;
Интиқоли бағоҷ дар эконом-класс - 20 кг;
Дар баъзе самтҳо меъёри бағоҷи ройгон интиқолшаванда зиёд аст ва аз ин лиҳоз ҳангоми хариди чипта меъёри ба самти лозимӣ муққарраршударо ҳатман аниқ намоед. Барои гирифтани маълумоти саҳеҳ ба ин саҳифа гузаред.
Низоми миқдори ҷойҳо меъёри интиқоли бағоҷро аз рӯи ҷойе, ки мусофир метавонад интиқол диҳад, муайян мекунад.
Ба толори мусофирнишини ҳавопаймо мусофир метавонад дар эконом-класс то 7 кг ва дар бизнес-класс то 10 кг бо андозаи на бештар аз 55х40х25см бори дастӣ бигирад.
Бағоҷи аз меъёр зиёд, калонҳаҷм ва вазнаш зиёд
Агар бағоҷи мусофир аз меъёри бағоҷи ройгон зиёд бошад, вазни изофии он аз рӯи нархномаи бағоҷи аз меъёр зиёд пардохт карда мешавад. Нархномаи пардохти интиқоли бағоҷи аз меъёр зиёди ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” – ро дар ин саҳифа дидан мумкин аст. Самти парвозро аз руйхат интихоб намоед.
Бағоҷи аз меъёр зиёд, калонҳаҷм ва вазнин ба интиқолот танҳо бо ризоияти ширкати ҳавопаймоӣ қабул карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани иқтидори марбутаи интиқолӣ ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ҳуқуқ дорад, ки интиқоли бағоҷи калонҳаҷм/вазнинро рад намояд. Бо шартҳои интиқоли чунин бағоҷ мусофир бояд ҳангоми хариди чипта шинос шавад. Агар мусофир хоҳиши интиқоли бори калонҳаҷм, зудшикананда ва ё қимматбаҳоро (аз ҷумла асбобҳои мусиқавӣ) дар курсии алоҳидаи нишаст дошта бошад, пас мусофир бояд (барои вазни умумии то 75 кг - 1 ҷой) чиптаи алоҳида бихарад.