Бехатарии онлайн-пардохтҳо
Ширкати "Сомон Эйр" низоми бехатарии хариди чиптаҳоро дар сомонаи ширкат такмил медиҳад
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" барои таъмини амнияти онлайн-пардохтҳои муштариёни худ технологияи нави 3-D Secure-ро ҷорӣ намуд. Акнун хариди чиптаҳои ҳавопаймо дар сомонаи ширкат бо истифода аз кортҳои Visa ва MasterCard бехатар аст! Технологияи нави 3-D Secure сатҳи иловагии ҳимоят барои онлайн–пардохтҳо аст, ки барои коҳиш додани қаллобӣ бо кортҳои бонкӣ таҳия шудааст. 3-D Secure имкон медиҳад, ки ҳангоми анҷом додани амалиёти онлайн-пардохт тавассути Интернет соҳиби корт муайян карда шавад: ҳангоми иҷрои амалиёти пардохт вориднамоии рамзи махсус талаб карда мешавад, ки он танҳо ба соҳиби корт маълум аст. Фарқи байни пардохт бо истифода аз технологияи 3-D Secure ва усули муқаррарӣ дар он аст, ки ба ҷараёни онлайн-пардохт анҷоми як қадами дигар илова карда мешавад, ки истифодаи кортро аз ҷониби шахсони сеюм пешгирӣ менамояд.
Диққат! Агар корти Шумо ба хизматарсонии 3-D Secure пайваст набошад, низоми пардохтӣ дархости Шуморо рад мекунад.
Технологияи 3-D Secure дар амал чӣ тарз кор мекунад?
Ҳангоми анҷоми амалиёт, пас аз дарҷ намудани маълумотҳои корт ва пахши тугмаи тасдиқи пардохт, низоми ҳимоят вориднамоии рамзи иловагии махфиро талаб менамояд.
Пас аз ворид намудани рамзи махфӣ корти Шумо мушаххас шуда, пардохт тасдиқ карда мешавад. Вориднамоии рамзи якдафъаина барои итминони он ки корт дар дасти соҳиби он аст, лозим мебошад. Маълумотҳое, ки Шумо ҳангоми пардохт бо истифода аз 3-D Secure ворид кардед, танҳо дар сервери бонк нигоҳ дошта мешавад ва барои шахсони ғайр дастнорас хоҳад буд.
Чӣ тавр метавон ба технологияи 3-D Secure пайваст шуд?
Хизматрасонӣ ҳангоми гирифтани корти бонкӣ бояд фаъол карда шавад. Агар хизматрасонии мазкур ба корт пайваст набошад, соҳиби корт бояд ба идораи бонки хизматрасон омада, барои пайваст намудани технологияи ҳифозатии 3-D Secure ариза нависад.