Somon Air
Главное меню
>
О компании
>
Вакансии

Мутахассис оид ба профайлинг дар Хадамоти бехатарии авиатсионӣ

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои ишғоли вазифаи Мутахассис оид ба профайлинг дар Хадамоти бехатарии авиатсионӣ озмун эълон менамояд
Талаботҳои тахассусии довталабон барои ишғоли мансаб:
- Таҳсилоти олии касбии соҳаи бехатарӣ, ҳуқуқшиносӣ ва ё психологӣ;
- Собиқаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи авиатсия;
- Донистани забонҳои русӣ ва англисӣ (ҳадди ақал дараҷаи В1 “intermediate”);
- Малакаҳои таҳлилӣ: Қобилияти таҳлили иттилоот ва хулоса баровардан;
- Дониш дар соҳаи психология: Қобилияти тафсири рафтори ғайривербалӣ, таҳлили рафтори одамон;
- Қобилияти кор бо технология: Маҳорати усулҳо ва воситаҳои гуногуни таҳлил;
- Малакаҳои муошират: Қобилияти муошират бо одамон, баҳо додан ба рафтори онҳо ва барқарор кардани муносибатҳои боэътимод;
- Малакаи кор бо компютер, аз ҷумла донистан ва истифода кардани шабакаи интернет, барномаҳои MS Word, MS Excel, MS Outlook, MS Power Point, қобилияти омода кардани ҳисобот;
- Донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, Кодекси фазои ҶТ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ.
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон ариза ва резюмеи худро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, 4 дона акси рангаи андозаи 4,5 х 6,5, нусхаи шиноснома, диплом, сертификатҳо, дафтарчаи меҳнатӣ ва маълумотнома дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ ба Хадамоти кадрҳо ва коргузории Ҷамъият пешниҳод намоянд. Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои мазкурро бо таври электронӣ низ (бо формати .pdf) ба суроғаи Ҷамъият (hr@somonair.com; info@somonair.com) пешниҳод намоянд.

Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо 16 феврали соли 2025. Барои арзёбӣ ва суҳбат номзадоне интихоб карда мешаванд, ки ба талаботи тахассусӣ мувофиқ бошанд.

Нишонӣ: 734003, ш. Душанбе, кӯчаи М.Мастонгулов 40 Тел.: (+992 44) 640 40 46, (+992 44) 640 40 55.

Вакансия актуальна до: 16-02-2025
Контактный телефон: (+992 44) 640 40 46, (+992 44) 640 40 55
Email: (hr@somonair.com; info@somonair.com)