Хазиначӣ – мутахассиси маълумотдиҳии Шуъбаи фурӯш ва маълумотдиҳии Департаменти тиҷоратӣ дар ш. Душанбе
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои ишғоли вазифаи
Хазиначӣ – мутахассиси маълумотдиҳии Шуъбаи фурӯш ва
маълумотдиҳии Департаменти тиҷоратӣ дар ш. Душанбе озмун
эълон менамояд
Талаботҳои тахассусии довталабон барои ишғоли мансаб:
- Маълумоти олӣ (иқтисодӣ, молиявӣ);
- Донистани забонҳои русӣ ва англисӣ, ҳадди ақал дараҷаи B1
(intermediate);
- Қобилияти бурдани мукотиботи расмӣ (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва
англисӣ);
- Масьулиятшиносӣ, омодагии фаъолият дар басти рузона ва шабона;
- Мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли коллектив, маҳорати ба
роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои хизматӣ;
- Малакаи кор бо компютер, аз ҷумла донистан ва истифода кардани
шабакаи интернет, барномаҳои MS Word, MS Excel, MS Outlook, MS
Power Point, қобилияти омода кардани ҳисобот;
- Ба собиқаи корӣ дар соҳаи авиатсия ва қобилияти истифодабарии
низомҳои фуруши чиптаҳои авиатсионӣ (ба монанди Sirena Travel,
Amadeus) афзалият дода мешавад;
- Донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг,
Кодекси фазои ҶТ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар
қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ.
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон ариза ва резюмеи худро бо
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, 4 дона акси рангаи андозаи 4,5 х 6,5, нусхаи
шиноснома, диплом, сертификатҳо, дафтарчаи меҳнатӣ ва
маълумотнома дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ ба Хадамоти
кадрҳо ва коргузории Ҷамъият пешниҳод намоянд. Хоҳишмандон
метавонанд ҳуҷҷатҳои мазкурро бо таври электронӣ низ (бо формати
.pdf) ба суроғаи Ҷамъият (hr@somonair.com; info@somonair.com)
пешниҳод намоянд.
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо 16 феврали соли 2025.
Барои арзёбӣ ва суҳбат номзадоне интихоб карда мешаванд, ки ба
талаботи тахассусӣ мувофиқ бошанд.
Нишонӣ:
734003, ш. Душанбе, кӯчаи М.Мастонгулов 40
Тел.: (+992 44) 640 40 46, (+992 44) 640 40 55.
Вакансия актуальна до: 16-02-2025
Контактный телефон: (+992 44) 640 40 46, (+992 44) 640 40 55
Email: (hr@somonair.com; info@somonair.com)