Мутахассиси Шуъбаи таҳлил ва иқтисоди Департаменти молия
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои ишғоли вазифаи
мутахассиси Шуъбаи таҳлил ва иқтисоди Департаменти молия
озмун эълон менамояд
Талаботҳои тахассусии довталабон барои ишғоли мансаб:
- Маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- Собиқаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи муҳосибӣ;
- Таҷрибаи кории мукаммал аз рӯи барномаи муҳосибии 1С;
- Доштани дониши хуби қонунгузории соҳаҳои бонкӣ, баҳисобгирии
муҳосибӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
- Малакаи таҳия намудани ҳисоботҳои молиявии маҷмӯӣ;
- Доштани қобилияти таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳияи маводҳои таҳлилӣ,
маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, ҷадвалҳо ва
диаграммаҳо;
- Донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ
афзалият дорад;
- Мавҷудияти малакаи хуби муошират, маҳорати ба роҳ мондани
ҳамкории хуб ҳангоми татбиқи манфиатҳои хизматӣ;
- Малакаи кор бо компютер, аз ҷумла донистан ва истифода кардани
шабакаи интернет, барномаҳои MS Word, MS Excel, MS Outlook, MS
Power Point, қобилияти омода кардани ҳисобот;
- Ба собиқаи корӣ дар соҳаи авиатсия ва ба доштани сертификати
муҳосиби касбӣ (САР) афзалият дода мешавад;
- Донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг,
Кодекси фазои ҶТ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо
ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ.
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон ариза ва резюмеи худро бо
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, 4 дона акси рангаи андозаи 4,5 х 6,5, нусхаи
шиноснома, диплом, сертификатҳо, дафтарчаи меҳнатӣ ва маълумотнома
дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ ба Хадамоти кадрҳо ва
коргузории Ҷамъият пешниҳод намоянд. Хоҳишмандон метавонанд
ҳуҷҷатҳои мазкурро бо таври электронӣ низ (бо формати .pdf) ба суроғаи
Ҷамъият (hr@somonair.com; info@somonair.com) пешниҳод намоянд.
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо 16 феврали соли 2025.
Барои арзёбӣ ва суҳбат номзадоне интихоб карда мешаванд, ки ба
талаботи тахассусӣ мувофиқ бошанд.
Нишонӣ:
734003, ш. Душанбе, кӯчаи М.Мастонгулов 40
Тел.: (+992 44) 640 40 46, (+992 44) 640 40 55.
Вакансия актуальна до: 16-02-2025
Контактный телефон: (+992 44) 640 40 46, (+992 44) 640 40 55
Email: (hr@somonair.com; info@somonair.com)