ТЕНДЕР ҶИҲАТИ ИНТИХОБИ ОПЕРАТОР-ТАЪМИНКУНАНДАИ ХИЗМАТРАСОНИИ ДАСТРАСИ БА ШАБАКАИ ИНТЕРНЕТ
ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” (минбаъд – Фармоишгар) ҷиҳати интихоби оператор-таъминкунандаи хизматрасонии дастрасии босуръат ва устувор ба шабакаи интернет барои таъмини эҳтиёҷоти Фармоишгар дар соли 2026 тендер эълон менамояд. Тамоми ширкатҳои таъминкунандаи хоҳишманд ва дорандаи иҷозатномаро, ки соҳиби имкониятҳои техникӣ ва таҷрибаи корӣ бо мизоҷони корпоративӣ мебошанд, барои иштирок дар тендер даъват менамояд.
Талаботҳо ба хизматрасониҳои пешниҳодшаванда:
- Талаботҳои техникӣ:
- - Дастрасии босуръат ва устувор ба шабакаи интернет;
- - Дастрасии кафолатноки шабакаи алоқа дар сатҳи на камтар аз 99 дарсад;
- - Имконияти пайвастшавӣ тавассути нахи оптикӣ ё дигар технологияҳои муосири интиқоли маълумотҳо;
- - Таъмини суроғаи IP-и статикӣ (дар ҳолатҳои зарурӣ);
- - Мавҷудияти шабакаи эҳтиётӣ (афзалият дода мешавад).
2. Талаботҳо барои хизматрасонӣ:
- - Дастгирии техникии шабонарӯзӣ (24/7);
- - Бартарафсозии фаврии мушкилот мувофиқи SLA;
- - Маъмури шахсӣ барои дастгирии корпоративӣ.
3. Ҷанбаҳои тиҷоратӣ:
- - Нақшаҳои тарофавии дастрас ва шаффоф;
- - Имконияти бастани шартномаҳои дарозмуддат ва ҳисобббаробаркуниҳои ғайринақдӣ;
- - Арзиши пайвастшавӣ, пардохтҳои моҳона ва хизматрасониҳои иловагӣ.
4. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
- - Мактуби расмӣ бо ишораи хоҳиши ширкат дар тендер ва ба он замима намудани пешниҳоди тиҷоратӣ бо нишондоди хусусиятҳои техникӣ ва тарофавӣ;
- - Ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ: ҳамаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва ҳуқуқмуайянкунанда, аз ҷумла нусхаи иҷозатномаи амалкунанда оид ба фаъолияти телекоммуникатсионӣ, шаҳодатнома, РМА, мушаххасоти бонкӣ ва ҳоказо;
- - Тавсияномҳо аз ташкилотҳое, ки иштирокчӣ барои хизматрасониҳои монанд бо онҳо шартнома дорад;
- - Маълумот дар бораи иштирокчӣ (таҷриба, инфрасохтор, рӯйхати муштариёни асосӣ);
- - Кафолати сифат ва тавсифи SLA-и пешниҳодшаванда;
- - Суроға, рақами тамос, суроғаи электронии ширкати дар тендер ширкаткунанда.
Муҳлати пешниҳоди дархостҳо:
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархостҳо ва ҳамаи ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар тендер то соати 17:00 рӯзи 15 декабри соли 2025 муқаррар гардидааст.
Суроға барои пешниҳоди дархостҳо:
Ҳамаи ширкатҳои хоҳишманд метавонанд дархостҳо ва ҳуҷҷатҳои тендерии худро ба суроғаи:
734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, к. М. Мастонгулов 40
ё дар шакли ҳомили электронӣ ба суроғаи электронии it@somonair.com ирсол намоянд.
Таваҷҷӯҳ! Ба таври нодуруст пур намудан ва пешниҳод нашудани дилхоҳ ҳуҷҷати талабгардида боиси аз раванди баррасии ҳуҷҷатҳо маҳрум гардидани иштирокчии эҳтимолӣ мегардад. Дар чунин ҳолат Фармоишгар дар назди иштирокчии тендер ягон масъулият надорад.
Тендер актуален до: 15-12-2025
Контактный телефон: +992 (44) 640 40 72
Email: it@somonair.com