Роҳбалад дар пойгоҳи Хуҷанд
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои ишғоли вазифаи Роҳбалад
дар пойгоҳи Хуҷанд озмун эълон менамояд
Талаботҳои тахассусии довталабон барои ишғоли мансаб:
- Синну сол аз 18 то 27 сола;
- Доштани маҳорати шиноварӣ;
- Доштани саломатии хуб ва омодагии хуби ҷисмонӣ;
- Қаду қомат – на поён аз 1.65м;
- Шиносномаи хориҷии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Дониши забони давлатӣ, забонҳои русӣ ва англисӣ (ҳадди ақал
дараҷаи intermediate). Ба дониши забонҳои хориҷии иловагӣ афзалият
дода мешавад;
- Мавҷудияти малакаи хуб ва одобонаи муошират ва хизматрасонӣ бо
мусофирон, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи
манфиатҳои хизматӣ дар коллектив;
- Донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг,
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ба доштани маълумоти олӣ ва таҷриба дар соҳаи авиатсия афзалият
дода мешавад.
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон ариза ва резюмеи худро бо
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, 4 дона акси рангаи андозаи 4,5 х 6,5, 2
сурати ранга портретӣ ва ба дарозии қад, нусхаи шиноснома, диплом,
сертификатҳо, дафтарчаи меҳнатӣ ва маълумотнома дар бораи доштан
ё надоштани доғи судӣ ба Хадамоти кадрҳо ва коргузории Ҷамъият
пешниҳод намоянд. Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои мазкурро бо
таври электронӣ низ (бо формати .pdf) ба суроғаи Ҷамъият
(hr@somonair.com; info@somonair.com) пешниҳод намоянд.
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо 16 феврали соли 2025.
Барои арзёбӣ ва суҳбат номзадоне интихоб карда мешаванд, ки ба
талаботи тахассусӣ мувофиқ бошанд.
Нишонӣ:
734003, ш. Душанбе, кӯчаи М.Мастонгулов 40
Тел.: (+992 44) 640 40 46, (+992 44) 640 40 55.
The vacancy is valid until: 16-02-2025
Tel: (+992 44) 640 40 46, (+992 44) 640 40 55
Email: (hr@somonair.com; info@somonair.com)