Somon Air
Дархостро ворид кунед, то натиҷаро гиред
Менюи асосӣ
>
Дар бораи мо
>
Ҷойҳои кории холӣ

Мутахассис-маъмури системаи Шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ ва назорати техникии Департаменти технологияҳои иттилоотӣ

ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” барои ишғоли вазифаи Мутахассис-маъмури системаи Шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ ва назорати техникии Департаменти технологияҳои иттилоотӣ озмун эълон менамояд:

 

Довталаб бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:

  • - Маълумоти олӣ;
  • - Донистани забонҳои русӣ ва англисӣ ҳадди ақал дараҷаи B1 intermediate;
  • - Таҷрибаи корӣ дар вазифаи маъмури шабака ё соҳаи технологияи иттилоотӣ;
  • - Насб, танзим ва идоракунии серверҳои Linux ва Windows Server;
  • - Идоракунӣ ва нигоҳдории серверҳои почтаи электронӣ (Email Server).
  • - Насб, танзим ва дастгирии Postfix, Dovecot ва дигар хизматрасониҳои почтаи
  • электронӣ.
  • - Танзим ва идоракунии протоколҳои SMTP, IMAP ва POP3.
  • - Танзими DNS, MX, SPF, DKIM ва DMARC барои таъмини кори дуруст ва
  • амнияти почтаи электронӣ.
  • - Идоракунии Active Directory, доменҳо, ҳисобҳои корбарон ва Group Policy.
  • - Насб, танзим ва нигоҳдории веб-серверҳо, аз ҷумла Nginx ва Apache.
  • - Назорат ва таъмини амнияти серверҳо, идоракунии дастрасӣ ва муҳофизат аз
  • ҳамлаҳои киберӣ.
  • - Ташкили нусхабардории эҳтиётии маълумот (Backup) ва барқарорсозии он.
  • - Мониторинги кори серверҳо, таҳлили логҳо ва бартараф намудани носозиҳои
  • техникӣ.
  • - Навсозии системаҳои амалиётӣ, нармафзорҳо ва бастаҳои амниятӣ.
  • - Идоракунии SSL/TLS-сертификатҳо ва таъмини пайвасти бехатар.• Автоматикунонии вазифаҳои маъмурӣ бо истифода аз Bash ё PowerShell.
  • - Қобилияти мустақилона ташхис ва бартараф намудани мушкилоти техникӣ;
  • - Донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанги миллӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ.
     

       Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд резюме (CV)-и худро ба Хадамоти кадрҳо ва коргузории Ҷамъият пешниҳод намоянд. Инчунин, ҳуҷҷатҳоро метавон ба таври электронӣ дар шакли PDF ба суроғаҳои почтаи электронии Ҷамъият: hr@somonair.com ва info@somonair.com ирсол кард. 

       Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо 20 ноябри соли 2026 мебошад. 

       Барои иштирок дар марҳилаи арзёбӣ ва суҳбат танҳо номзадоне интихоб карда мешаванд, ки ба талаботи тахассусии вазифаи интихобнамуда мувофиқат менамоянд.

Телефон барои тамос: (+992 44) 640-40-46, (+992 44) 640-40-55
Email: hr@somonair.com