Somon Air
Дархостро ворид кунед, то натиҷаро гиред
Менюи асосӣ
>
Дар бораи мо
>
Ҷойҳои кории холӣ

Роҳбалад дар пойгоҳи Хуҷанд

Довталаб бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:

  • - Синну сол: аз 18 то 27 сола;
  • - Доштани маҳорати шиноварӣ;
  • - Қад: на камтар аз 1,65 метр;
  • - Донистани забони давлатӣ, инчунин забонҳои русӣ ва англисӣ дар сатҳи на камтар аз Intermediate (B1);
  • - Доштани малакаҳои баланди муошират, муносибати хушмуомила, малакаи хизматрасонии босифат ба мусофирон, масъулиятшиносӣ, интизоми меҳнатӣ, сабр ва қобилияти кор дар вазъиятҳои гуногун;
  • - Донистани муқаддасоти миллӣ, арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • - Омодагӣ ба кор тибқи реҷаи парвоз ва ҷадвали тағйирёбандаи корӣ;
  • - Риояи қатъии талаботи бехатарии парвоз, қоидаҳои хизматрасонӣ ба мусофирон ва стандартҳои дохилии ширкат.

          Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд резюме (CV)-и худро ба Хадамоти кадрҳо ва коргузории Ҷамъият пешниҳод намоянд. Инчунин, ҳуҷҷатҳоро метавон ба таври электронӣ дар шакли PDF ба суроғаҳои почтаи электронии Ҷамъият: hr@somonair.com ва info@somonair.com ирсол кард. 

          Номзадҳо ба вазифаи роҳбалад илова бар резюме бояд 2 дона акси рангаи портретӣ ва 1 дона акси пурраи қад пешниҳод намоянд. 

          Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо 20 ноябри соли 2026 мебошад. 

          Барои иштирок дар марҳилаи арзёбӣ ва суҳбат танҳо номзадоне интихоб карда мешаванд, ки ба талаботи тахассусии вазифаи интихобнамуда мувофиқат менамоянд.

Телефон барои тамос: (+992 44) 640-40-46, (+992 44) 640-40-55
Email: hr@somonair.com