Somon Air
Дархостро ворид кунед, то натиҷаро гиред
Менюи асосӣ
>
Дар бораи мо
>
Ҷойҳои кории холӣ

Намоянда дар Фурудгоҳи баналмилалии Душанбе Шуъбаи намояндагиҳои Департаменти тиҷоратӣ

Довталаб бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:

  • - Маълумоти олии дар яке аз соҳаҳои иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, авиатсионӣ ва техникӣ;
  • - Донистани забонҳои русӣ ва англисӣ дар сатҳи на камтар аз B1 Intermediate;
  • - Доштани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ростқавлӣ, интизоми меҳнатӣ ва қобилияти кор дар бастҳои рӯзона ва шабона;
  • - Малакаи кор бо компютер, аз ҷумла донистан ва истифода кардани шабакаи интернет, барномаҳои MS Word, MS Excel, MS Outlook, MS Power Point, қобилияти омода кардани ҳисобот;
  • - Донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, Кодекси фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар     қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • - Донистани тартиби кор бо низомҳои бақайдгирии мусофирон, аз ҷумла DCS Astra ва DCS Altea, бартарӣ ҳисобида мешавад.
     

          Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд резюме (CV)-и худро ба Хадамоти кадрҳо ва коргузории Ҷамъият пешниҳод намоянд. Инчунин, ҳуҷҷатҳоро метавон ба таври электронӣ дар шакли PDF ба суроғаҳои почтаи электронии Ҷамъият: hr@somonair.com ва info@somonair.com ирсол кард. 

          Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо 20 ноябри соли 2026 мебошад. 

          Барои иштирок дар марҳилаи арзёбӣ ва суҳбат танҳо номзадоне интихоб карда мешаванд, ки ба талаботи тахассусии вазифаи интихобнамуда мувофиқат менамоянд.

Телефон барои тамос: (+992 44) 640-40-46, (+992 44) 640-40-55
Email: hr@somonair.com