Забонро интихоб намоед
Маълумот барои мусофирони ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр
Дар робита ба маҳдудиятҳои ҷорӣ оид ба истифодаи фазои ҳавоӣ дар минтақаи Ховари Миёна, ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр маҷбур аст муваққатан иҷрои парвозҳоро дар самти Душанбе – Теҳрон – Душанбе то 31 марти соли 2026 (бо дарназардошти ҳамин рӯз) боздорад.
Ба мусофироне, ки барои давраи мазкур чипта доранд, тавсия дода мешавад пешакӣ вазъи парвозҳоро дар сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоӣ санҷида, инчунин барои гирифтани маълумоти навшуда ба маркази тамос тавассути рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:
+992 44 640 40 49,
+992 44 640 40 50,
+992 93 777 74 59 (WhatsApp).
Бехатарии парвозҳо афзалияти асосии мо мебошад.