Somon Air
Менюи асосӣ
>
>
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр” хатсайрҳои мустақимро дар самти Душанбе – Минеральные Воды ба роҳ мемонад

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз роҳандозии хатсайри нави мустақим дар самти Душанбе – Минеральные Воды, хабар медиҳад.
 
Парвози аввалин дар санаи 30 ноябри соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.
Парвозҳо ҳафтае як маротиба, рӯзҳои якшанбе анҷом дода мешаванд.
 
Ифтитоҳи хатсайри нав як қисми стратегияи ширкати ҳавопаймоӣ буда, ҳадаф аз ин зиёд кардани самти парвозҳо ва таҳкими робитаҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мебошад. Хатсайри нав ба мусофирон парвози қуллай, бехатар ва бароҳатро таъмин намуда, имкониятҳои иловагиро барои сафарҳои корӣ, сайёҳӣ ва оилавӣ фароҳам меоварад.
 
Барои харидории чипта ё дарёфти маълумоти иловагӣ, метавонед ба рақами (+992) 44 640 40 49 тамос гиред ё ба сомонаи расмии ширкат  www.somonair.com  муроҷиат намоед.