Somon Air
Введите запрос, чтобы получить результат
Главное меню
>
О компании
>
Вакансии

Мутахассис-маъмури шабакаи Шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ ва назорати техникии Департаменти технологияҳои иттилоотӣ

ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” барои ишғоли вазифаи Мутахассис-маъмури шабакаи Шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ ва назорати техникии Департаменти технологияҳои иттилоотӣ озмун эълон менамояд:

 

Довталаб бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:

  • - Маълумоти олӣ;
  • - Донистани забонҳои русӣ ва англисӣ ҳадди ақал дараҷаи B1 intermediate;
  • - Таҷрибаи корӣ дар вазифаи маъмури шабака ё соҳаи технологияи иттилоотӣ;
  • - Дониши хуби Windows Server ва Active Directory;
  • - Таҷрибаи идоракунии доменҳо, корбарон, гурӯҳҳо ва Group Policy;
  • - Дониши протоколҳои DNS, VPN, VLAN, TCP/IP, DNS ва DHCP;
  • - Таҷрибаи кор бо Firewall, VPN ва таҷҳизоти шабакавӣ;
  • - Қобилияти мустақилона ташхис ва бартараф намудани мушкилоти техникӣ;
  • - Донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанги миллӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ.
     

       Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд резюме (CV)-и худро ба Хадамоти кадрҳо ва коргузории Ҷамъият пешниҳод намоянд. Инчунин, ҳуҷҷатҳоро метавон ба таври электронӣ дар шакли PDF ба суроғаҳои почтаи электронии Ҷамъият: hr@somonair.com ва info@somonair.com ирсол кард. 

       Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо 20 ноябри соли 2026 мебошад. 

       Барои иштирок дар марҳилаи арзёбӣ ва суҳбат танҳо номзадоне интихоб карда мешаванд, ки ба талаботи тахассусии вазифаи интихобнамуда мувофиқат менамоянд.

Контактный телефон: (+992 44) 640-40-46, (+992 44) 640-40-55
Email: hr@somonair.com