Somon Air
Main menu
>
About us
>
Vacancies

Мутахассиси Шуъбаи идоракунии захираҳо ва нархгузории Департаменти тиҷоратӣ

Довталаб бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:

  • - Дорои маълумоти олии касбӣ дар яке аз соҳаҳои иқтисод, молия, менеҷмент, маркетинг, омор, математикаи амалӣ, технологияҳои иттилоотӣ ё соҳаҳои ба онҳо алоқаманд бошад;
  • - Донистани забонҳои русӣ ва англисӣ дар сатҳи на камтар аз B1 Intermediate;
  • - Фаҳмиши асосҳои нархгузорӣ, таҳлили талабот ва идоракунии даромад;
  • - Донистани принсипҳои идоракунии захираҳои ҷойҳои фурӯш ва иқтидори парвозҳо;
  • - Донистани барномаҳои Microsoft Office, махсусан Microsoft Excel, дар сатҳи хуб;
  • - Донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, Кодекси фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар           қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

          Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд резюме (CV)-и худро ба Хадамоти кадрҳо ва коргузории Ҷамъият пешниҳод намоянд. Инчунин, ҳуҷҷатҳоро метавон ба таври электронӣ дар шакли PDF ба суроғаҳои почтаи электронии Ҷамъият: hr@somonair.com ва info@somonair.com ирсол кард. 

          Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо 20 ноябри соли 2026 мебошад. 

          Барои иштирок дар марҳилаи арзёбӣ ва суҳбат танҳо номзадоне интихоб карда мешаванд, ки ба талаботи тахассусии вазифаи интихобнамуда мувофиқат менамоянд.

Tel: (+992 44) 640-40-46, (+992 44) 640-40-55
Email: hr@somonair.com