Select your language
Main menu
>
About us
>
Vacancies
Мутахассиси Шуъбаи интиқоли бори Департаменти тиҷоратӣ
Довталаб бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
- - Доштани маълумоти олии касбӣ дар яке аз соҳаҳои иқтисод, идоракунии тиҷорат, логистика, нақлиёт, авиатсия, гумрук ё соҳаҳои ба онҳо алоқаманд;
- - Собиқаи корӣ дар соҳаи ҳамлу нақли бор, логистика, авиатсия, тиҷорат, экспедитсия ё фаъолияти гумрукӣ афзалият дорад;
- - Донистани қоидаҳо ва талаботи марбут ба интиқоли байналмилалии бор, гумрук ва ҳуҷҷатгузории содироту воридот;
- - Донистани забони давлатӣ ва забони русӣ; донистани забони англисӣ бартарӣ ба ҳисоб меравад;
- - Донистани барномаҳои MS Word, MS Excel, Outlook ва PowerPoint;
- - Омодагӣ ба кор бо реҷаи тағйирёбанда, дар ҳолатҳои зарурӣ;
- - Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии Тоҷикистон.
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд резюме (CV)-и худро ба Хадамоти кадрҳо ва коргузории Ҷамъият пешниҳод намоянд. Инчунин, ҳуҷҷатҳоро метавон ба таври электронӣ дар шакли PDF ба суроғаҳои почтаи электронии Ҷамъият: hr@somonair.com ва info@somonair.com ирсол кард.
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо 20 ноябри соли 2026 мебошад.
Барои иштирок дар марҳилаи арзёбӣ ва суҳбат танҳо номзадоне интихоб карда мешаванд, ки ба талаботи тахассусии вазифаи интихобнамуда мувофиқат менамоянд.
Tel: (+992 44) 640-40-46, (+992 44) 640-40-55
Email: hr@somonair.com