Somon Air
Main menu
>
About us
>
Vacancies

Мутахассиси Шуъбаи маркетинг ва стратегияи тиҷоратӣ

Довталаб бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:

  • - Маълумоти олии касбӣ дар яке аз соҳаҳои маркетинг, иқтисод, менеҷмент, PR, журналистика, молия, технологияҳои иттилоотӣ ё соҳаҳои ба инҳо алоқаманд;
  • - Таҷрибаи корӣ дар соҳаи маркетинг, PR, таҳлили бизнес ё самтҳои монанд афзалият дорад;
  • - Малакаи таҳлил ва коркарди маълумот, омода намудани ҳисоботҳо ва презентатсияҳо;
  • - Дониши хуби барномаҳои Microsoft Office (махсусан Excel ва PowerPoint); донистани Power BI ё дигар воситаҳои визуализатсияи маълумот бартарӣ мебошад;
  • - Таҷрибаи кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ, платформаҳои рақамӣ ва воситаҳои таблиғотӣ — бартарӣ мебошад;
  • - Қобилияти таҳияи пешниҳодҳо барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти маркетингӣ ва тиҷоратӣ;
  • - Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва забони англисӣ бартарӣ ба ҳисоб меравад;
  • - Таҷрибаи кор дар соҳаи авиатсия, сайёҳӣ ё хизматрасонӣ бартарӣ мебошад;

          Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд резюме (CV)-и худро ба Хадамоти кадрҳо ва коргузории Ҷамъият пешниҳод намоянд. Инчунин, ҳуҷҷатҳоро метавон ба таври электронӣ дар шакли PDF ба суроғаҳои почтаи электронии Ҷамъият: hr@somonair.com ва info@somonair.com ирсол кард. 

          Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо 20 ноябри соли 2026 мебошад. 

          Барои иштирок дар марҳилаи арзёбӣ ва суҳбат танҳо номзадоне интихоб карда мешаванд, ки ба талаботи тахассусии вазифаи интихобнамуда мувофиқат менамоянд.

Tel: (+992 44) 640-40-46, (+992 44) 640-40-55
Email: hr@somonair.com