Select your language
Main menu
>
About us
>
Vacancies
Муҳосиб дар Департаменти молия
Довталаб бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
- - Маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- - Таҷрибаи кории мукаммал аз рӯи барномаи муҳосибии 1С;
- - Доштани дониши хуби қонунгузории соҳаҳои бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
- - Доштани қобилияти таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳияи маводҳои таҳлилӣ, маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, ҷадвалҳо ва диаграммаҳо;
- - Донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- - Малакаи кор бо компютер, аз ҷумла донистан ва истифода кардани шабакаи интернет, барномаҳои MS Word, MS Excel, MS Outlook, MS Power Point;
- - Ба собиқаи корӣ дар соҳаи авиатсия ва ба доштани сертификати муҳосиби касбӣ (САР) афзалият дода мешавад;
- - Донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, Кодекси фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд резюме (CV)-и худро ба Хадамоти кадрҳо ва коргузории Ҷамъият пешниҳод намоянд. Инчунин, ҳуҷҷатҳоро метавон ба таври электронӣ дар шакли PDF ба суроғаҳои почтаи электронии Ҷамъият: hr@somonair.com ва info@somonair.com ирсол кард.
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо 20 ноябри соли 2026 мебошад.
Барои иштирок дар марҳилаи арзёбӣ ва суҳбат танҳо номзадоне интихоб карда мешаванд, ки ба талаботи тахассусии вазифаи интихобнамуда мувофиқат менамоянд.
Tel: (+992 44) 640-40-46, (+992 44) 640-40-55
Email: hr@somonair.com