Select your language
Main menu
>
About us
>
Vacancies
Мутахассиси мониторинги амалиётҳои қаллобӣ (Фрод-мониторинг) Департаменти аудит ва назорати дохилӣ
Довталаб бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
- - Маълумоти олии касбӣ дар яке аз соҳаҳои иқтисод, молия, аудит, баҳисобгирии муҳосибӣ, бонкдорӣ, технологияҳои иттилоотӣ ё соҳаҳои ба онҳо алоқаманд;
- - Собиқаи корӣ дар яке аз соҳаҳои соҳаҳои аудит, назорати дохилӣ, идоракунии хавфҳо, мониторинги амалиётҳои молиявӣ ё пешгирии қаллобӣ бартариат дорад;
- - Донистани усулҳои ошкор ва таҳлили амалиётҳои шубҳанок ва хавфҳои қаллобӣ;
- - Малакаи таҳлил ва коркарди маълумот, омода намудани ҳисобот ва таҳлили нишондиҳандаҳо;
- - Донистани хуби барномаҳои MS Excel, MS Word, MS PowerPoint ва MS Outlook; донистани барномаҳои Power BI ё SQL бартарӣ мебошад;
- - Донистани асосҳои амалиётҳои пардохтӣ, баргардонидани маблағҳо (refund), chargeback ва мониторинги фурӯши чиптаҳо бартарӣ мебошад;
- - Донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ; донистани забони англисӣ дар сатҳи на камтар аз B1 (Intermediate) бартарӣ мебошад;
- - Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ.
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд резюме (CV)-и худро ба Хадамоти кадрҳо ва коргузории Ҷамъият пешниҳод намоянд. Инчунин, ҳуҷҷатҳоро метавон ба таври электронӣ дар шакли PDF ба суроғаҳои почтаи электронии Ҷамъият: hr@somonair.com ва info@somonair.com ирсол кард.
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо 20 ноябри соли 2026 мебошад.
Барои иштирок дар марҳилаи арзёбӣ ва суҳбат танҳо номзадоне интихоб карда мешаванд, ки ба талаботи тахассусии вазифаи интихобнамуда мувофиқат менамоянд.
Tel: (+992 44) 640-40-46, (+992 44) 640-40-55
Email: hr@somonair.com