Саволхо ва чавобхо
Чиптаи ҳавопаймоиро чи тавр онлайн харидан мумкин аст?
Барои онлайн хариди чиптаи ҳавопаймоӣ саҳифаи асосии www.somonair.com-ро кушоед. Сатрҳои холӣ – самти парвоз, сана ва шумораи мусофиронро пур намоед. Тугмаи "Ҷустуҷӯ" - ро зер кунед ва низом варианти мувофиқи парвозро интихоб мекунад.
Чиптаро ҳамчунин метавонед дар замимаи мобилӣ, ки дар iOS ва Android дастрас аст, харидорӣ намоед.
Чи тавр метавон тариқи онлайн барои парвоз аз қайд гузашт?
Барои онлайн-бақайдгирӣ дар сомонаи www.somonair.com дар қисмати “бақайдгирӣ ба парвоз” ё дар барномаи мобилӣ насаби мусофирро бо ҳарфҳои лотинӣ ва рақами чиптаро дарҷ намоед. Пас аз воридсозии маълумот "Ҷустуҷӯ" -ро пахш кунед.
Оё ба кӯдаки то 2-сола чипта лозим аст?
Бале, зарур аст. Дар хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр" ҳар як мусофири болиғ ҳуқуқ дорад барои як кӯдаки то 2-сола ройгон чиптаи ҳавопаймоӣ бихарад. Кӯдак ҷои худро надорад ва дар оғӯши калонсолон хоҳад буд.
Агар ман чиптаи электронӣ дошта бошам, барои бақайдгирӣ дар фурудгоҳ чӣ лозим аст?
Барои ин танҳо шиносномаи хориҷӣ лозим аст. Барои осоиши худ, Шумо метавонед чиптаи сафаратонро чоп кунед.
Дар чипта кадом вақт нишон дода мешавад?
Дар чиптаи сафар вақти маҳаллии фурудгоҳи таъйинотӣ нишон дода мешавад. Мебояд гуфт, дар чипта на вақти бақайдгирӣ, балки маҳз вақти парвоз ва нишаст қайд мешавад.
Бақайдгирӣ ба парвоз кай сар мешавад?
Бақайдгирӣ 2 соату 30 дақиқа пеш аз вақти парвоз оғоз мешавад. Барои фурудгоҳҳои Истанбул, Ҷидда ва Дубай бақайдгирӣ 3 соат пеш аз вақти парвоз оғоз мешавад.
Бақайдгирӣ ба парвоз кай баста мешавад?
Тибқи қоидаҳои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” бақайдгирӣ 40 дақиқа пеш аз вақти нақшавии парвоз ба итмом мерасад. Дар фурудгоҳҳои Истанбул, Ҷидда ва Дубай бақайдгирӣ 60 дақиқа пеш аз вақти парвоз ба анҷом мерасад.
Бағоҷи дастӣ ба меъёри бағоҷи ройгон интиқолшаванда дохил мешавад?
Бале, мусофир метавонад танҳо як бори дастиро бо вазни то 7 кг дар эконом-класс ва то 10 кг дар бизнес-класс бо андозаҳои 55 х 40 х 25 сантиметр бо худ бигирад.
Барои хариди чипта кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?
Шиносномаи хориҷии ба ҳангоми парвоз амалкунанда ва барои парвоз дар дохили кишвар (хатсайри Душанбе – Хуҷанд – Душанбе) шиносномаи дохилӣ лозим мебошад.
Ман чиптаҳои худро ба почтаи электрониам нагирифтам. Чӣ бояд кард?
Аввалан спам-и почтаи худро тафтиш кунед, чиптаҳо шояд тасодуфан онҷо бошанд. Агар онҷо ҳам набошад, ба нуқтаи хариди чиптаатон муроҷиат намоед.
Талабот барои интиқоли занони ҳомила чи гуна аст?
Занони муҳлати ҳомиладоирашон то 28 ҳафта дар хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” бо шарти пешниҳоди варақаи мубодилавӣ ва маълумотномаи духтур дар бораи имкони анҷоми парвоз интиқол дода мешаванд.
Занони ҳомиладориашон аз 28 то 32 ҳафта ба парвоз танҳо бо варақаи мубодилавӣ ва маълумотномаи тиббӣ (бо муҳру имзои духтур), ки дар он барои парвоз аниқ иҷозат дода шудааст, имкон аст қабул карда шаванд. Маълумотномаи мазкур, ки на пештар аз 72 соати қабл аз парвоз дода шудааст, бояд ҳангоми бақайдгирӣ пешниҳод карда шавад.
Занони ҳомиладориашон аз 32 ҳафта зиёд, инчунин ҳолати ҳомиладориашон вазнин ва занони навтаваллудкарда (то 7 рӯзи баъди таваллудкунӣ) ба парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” роҳ дода намешаванд.
Талабот барои интиқоли ҳайвоноти хонагӣ чи гуна аст?
Дар хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” интиқоли ҳайвоноти хонагӣ (истисноан сагу гурбаҳо), ки то 5 килограмм вазн доранд, дар толори мусофирнишини ҳавопаймо дар қафасҳои махсус анҷом дода мешавад.
Парранда ва ҳайвоноти дигари хонагӣ бо андоза ва вазни гуногун, инчунин гурбаҳо ва сагҳои вазнашон зиёда аз 5 килограмм дар қисмати бағоҷдони ҳавопаймо интиқол дода мешаванд.
Ҳайвонот пулакӣ интиқол шуда, хизматрасонӣ тибқи нархномаи бағоҷи аз меъёр зиёд дар ҳаҷми дучанд пардохт карда мешавад. Нархномаи бағоҷи аз меъёр зиёд аз самти парвоз вобастагӣ дорад ва вазнкашии ҳайвонот бо қафас/контейнер анҷом дода мешавад.
Барои интиқоли ҳайвонот мусофирон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- Шиносномаи байтории ҳайвон;
- Маълумотнома дар бораи вазъи саломатии ҳайвон дар клиникаҳои байтории давлатӣ пешниҳод мешавад. Муоинаи ҳайвон бояд на пештар аз 5 рӯзи то парвози нақшавӣ гузаронида шавад ва дар маълумотнома оид ба эмгузаронии синнусолӣ низ бояд маълумот дарҷ шуда бошад. Сузандорӯи ахирин аз бемории ҳорӣ бояд на пештар аз 1 соли ахир ва на дертар аз ду моҳи пеш аз парвоз гузаронида шуда бошад.
Дар бораи зарурати гирифтани раводид аз куҷо маълумот гирифтан мумкин аст?
Маълумоти мазкурро аз сомонаҳои расмии сафоратҳо ва консулгариҳои кишварҳое, ки ба қаламравашон парвоз кардан мехоҳед, аниқ кардан мумкин аст. Гирифтани раводид масъулияти шахсии ҳар як мусофир аст.
Ман чиптаро ба хатсайри ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз сомонаи дигар ва ё тавассути як ширкати сайёҳӣ харидаам ва мехоҳам санаи парвозро тағйир диҳам. Чӣ бояд кард?
Агар Шумо чиптаатонро аз сомонаи дигар ва ё аз ширкати сайёҳӣ харидорӣ карда бошед, бояд ба нуқтаи хариди чиптаатон ва ё шуъбаи фурӯш ва маълумотдиҳии саридораи ширкати “Сомон Эйр” муроҷиат намуда санаи парвозро тағйир диҳед.
Ман чиптаи хатсайри ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"- ро аз сомонаи дигар ва ё ширкати сайёҳӣ харидаам ва мехоҳам баргардонидани маблағро дархост кунам. Чӣ бояд кард?
Агар Шумо чиптаро аз сомонаи дигар ва ё аз ширкати сайёҳӣ харидаед, баргардонидани маблағ танҳо дар ҷои хариди чипта анҷом дода мешавад.
Ман чипта харидаам, вале бояд санаи парвозро тағйир диҳам. Чӣ бояд кард?
Барои тағйири санаи парвоз бояд ба нуқтаи хариди чипта ва ё шуъбаи фурӯш ва маълумотдиҳии саридораи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” муроҷиат намоед. Ба инобат бигиред, ки бо сабаби фарқияти нархномаи рӯзҳои интихобшуда, эҳтимол пардохти иловагӣ зарур мешавад.
Парвози ман ба таъхир афтод. Метавонам чиптаамро ба санаи дигар иваз кунам?
Бале, Шумо метавонед бо муроҷиат ба макони харид ва ё шуъбаи фурӯш ва маълумотдиҳии саридораи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» санаи парвозро тағйир диҳед.
Аз куҷо метавонам маълумотномаи тасдиқкунандаи парвоз ва арзиши чиптаамро бигирам?
Лутфан ба саридораи ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" муроҷиат намоед.
Интиқоли кадом ашёҳо тариқи ҳавопаймо манъ аст?
Барои таъмини бехатарии парвоз дар бағоҷи барасмиятдаровардашуда ва бори дастӣ интиқоли модда ва ашёҳои зерин ман аст:
- модда ва ашёҳои тарканда, маснуоти пиротехникӣ;
- моеъҳо ва моддаҳои сахти оташгиранда;
- маводҳои оксидкунандаву сафедкунанда;
- газҳои моеъ ва фишурда барои истифодаи маишӣ ва балонҳои аквалангӣ;
- моддаҳои заҳрнок ва ангезанда, вирусҳо ва бактерияҳо;
- моддаҳои зангзананда, симоб, кислотаҳо, ишқор, моеъҳо барои батареячаҳо;
- маводҳои радиоактивӣ;
- дигар ашё ва моддаҳое, ки ҳамчун аслиҳаи ҳамла ба ҳайати парвозӣ ва мусофирон истифода шуданашон мумкин аст.
Боварӣ ҳосил намоед, ки дар бағоҷ ва бори дастии Шумо ашё ва моддаҳое, ки интиқоли онҳо тибқи қонунгузорӣ ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои байналмилалии соҳаи авиатсияи гражданӣ манъ аст, вуҷуд надоранд.
Дар чиптаи ман 1PC қайд шудааст. Ин чӣ маъно дорад?
Ихтисораи PC маънои ҷойи бағоҷро дорад. Рақами пеш аз ин ихтисора омада шумораи бағоҷро (борхалта ва ё ҷомадон) ифода менамояд, ки онро Шумо метавонед бо худ тибқи нархномаи 1РС – 1 ҷойи бағоҷ бигиред.
Дар фурудгоҳ барои бағоҷи иловагӣ пардохт кардан мумкин аст?
Бале, лутфан ба намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ дар фурудгоҳи парвоз муроҷиат намоед.
Дар фурудгоҳ аз куҷо метавон аробачаи маъюбиро барои истифодаи пеш аз парвоз пайдо намуд?
Лутфан ба намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ дар фурудгоҳи парвоз муроҷиат намоед. Хизматрасонии мазкурро ҳангоми хариди чипта ва ё дар фурудгоҳ қабл аз парвоз фармоиш додан мумкин аст. Хизматрасонӣ ройгон мебошад.
Аробачаи кӯдакона (коляска) ва ё аробачаи маъюбиро барои ҳаракати мусофирони имконияташон маҳдуд ройгон интиқол додан мумкин аст?
Бале, интиқол ройгон аст. Аробачаро то зинаи ҳавопаймо истифода бурдан мумкин аст. Баъдан коляска ва ё аробачаи маъюбӣ барои интиқол дар қисмати бағоҷдон супорида мешавад. Ҳамзамон ба фурудгоҳи таъйинотӣ оиди хизматрасониҳои иловагӣ барои маъюбон маълумот ирсол мегардад. Баъди парвоз аробачаро метавонед аз нуқтаи пешниҳоди бағоҷ бигиред.